Ҷасади марди дар дарёи Душанбе дарёфтшуда ношинохта боқӣ мемонад

Шахсияти марди тақрибан 25-солае, ки ҷасадаш рӯзи 20 июн дар дарёи Душанбе, наздикии маҷмааи табъу нашр (ГЖК) дарёфт шуда буд, то ҳол муайян нашудааст. “Дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор нагардида, алҳол ба кормандони милитсия муяссар нашуд, ки шахсияти ӯро муайян созанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. Ёдрас […]

Шахсияти марди тақрибан 25-солае, ки ҷасадаш рӯзи 20 июн дар дарёи Душанбе, наздикии маҷмааи табъу нашр (ГЖК) дарёфт шуда буд, то ҳол муайян нашудааст.

“Дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор нагардида, алҳол ба кормандони милитсия муяссар нашуд, ки шахсияти ӯро муайян созанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки дар бораи дидани ҷасад дар дарё соати тақрибан 12:30 дақиқа ба шуъбаи навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар расид. Шоҳидон хабар доданд, ки ҷасади шахсро дидаанд. Наҷотдиҳандагони ҳозиршуда ҷасадро аз об берун оварданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз оғози мавсими оббозӣ, ки аз 1 июн шурӯъ шуд, дар дарёву кӯл ва наҳру обанборҳои Тоҷикистон 43 нафар ғарқ шуданд, ки 23 нафарашон синни то 17-сола мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.