Имкони истифода аз ҳавопаймои мусофирбар барои сокинони Бадахшон

Рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ,метавонанд аз ҳавопаймои ширкати «PACTEC International»  истифода баранд. Дар ин бора  ба “Азия-Плюс” Dave Chapin, директори ширкати мазкур  дар Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, сокинони Бадахшон, ки бо сабабҳои маълум чанд муддат аз истифодаи ҳавопаймо […]

Манзумаи Фирӯз, “Азия-Плюс”

Рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ,метавонанд аз ҳавопаймои ширкати «PACTEC International»  истифода баранд. Дар ин бора  ба “Азия-Плюс” Dave Chapin, директори ширкати мазкур  дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, сокинони Бадахшон, ки бо сабабҳои маълум чанд муддат аз истифодаи ҳавопаймо маҳрум гаштаанд, метавонанд аз ҳавопаймои ширкати онҳо истифода баранд. Ӯ мегӯяд, аз моҳи марти соли 2018 ҳавопаймои онҳо аз фурудгоҳи ҳарбии Фахробод парвозоро ба фурудгоҳи шаҳри Хоруғ оғоз намудаанд, аммо гоҳ-гоҳ парвоз мекарданд.

– Хатсайри мо барои сокинони Бадхшон ва сайёҳоне, ки хоҳиши сафар ба ин минтақаро доранд, пешбинӣ шудааст ва ҳафтае ду маротиба парвоз мекунад. Пардохти чипта дар дафтари кории мо сурат мегирад ва ба кӯдакони то синни 2-сола чипта ройгон мебошад, ки айни ҳол тахфиф эълон гардида, нархи чипта 100 доллари амрикоӣ нархгузорӣ шудааст, – мегӯяд директори ширкат.

Ӯ илова кард, афроде, ки хоҳиши дастрас намудани чиптаро дошта бошанд, метавонанд аз дафтари кории онҳо, ки дар кӯчаи Холова, хонаи 23 дар шаҳри Душанбе қарор дорад, муроҷиат намоянд. Ва нафароне, ки чипта харидорӣ мекунанд, пеш аз парвоз дар ширкат ҳозир мешаванд ва бо автомашинаи ширкат онҳо то фурудгоҳи ҳарбии Фахробод бурда мешаванд. Ҳамчунин танҳо дар шароити обуҳавои мусоид парвоз ба Хоруғ имконпазир аст ва дар 40 дақиқа мусофирон дар ҷойи лозима қарор мегиранд.

– Мо тибқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолият мекунем ва дорои литсензияи парвоз  ва дигар ҳуҷҷатҳои лозима ҳастем. Ширкат амрикоӣ буда, оянда ният дорем, ки ҳавопаймои мо аз фурудгоҳи Душанбе ба Хоруғ ва аз Хоруғ ба Душанбе парвоз намояд.  Айни ҳол бо Вазорати мудофиа ҳамкорӣ дошта, аз фурудгоҳи ҳарбӣ парвоз мекунем, – илова кард номбурда. 

Шӯҳрат Махсумшоев, сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ, дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс”  дар инробита илова кард, ки ҳавопаймои  «PACTEC International»  гоҳ-гоҳе ба Хоруғ парвоз мекунад ва онҳо танҳо дар хизматрасонӣ ба онҳо кӯмак мекунанду халос. Дар мавриди пайдо гардидани мусофирон худи намояндагони ширкат корро пеш мебаранд.  

Махсумшоев, бар ин назар аст, ки ин истифода аз ҳавопаймои ин ширкат метавонад барои нафарони кӯҳансол ва бемор, ки тариқи роҳи мошингарди Душанбе -Хоруғ – Душанбе, сафар карда наметавонанд, имконияти хуб бошад.

Маълум аст, ки барои бархе сокинон харидорӣ намудани чипта бо чунин нарх (1000 сомонӣ) имконпазир нест, аммо дар ҳолатҳои бисёр зарурӣ онҳо метавонанд онро бихаранд.   

Бояд қайд намуд, ки қаблан ҳавопаймои АН-28, ки ба Хоруғ парвоз мекард, айни замон корношоям аст.

Қобили зикр аст, ки феълан сафар ба шаҳри Хоруғ танҳо бо нақлиёти автомобилӣ имконпазир буда, дигар навъи ҳавопаймоҳои ширкат бинобар сабаби релйефи баландкӯҳ, ба ин самт парвоз карда наметавонанд.

Ширкати миллии ҳавопаймоии ҷумҳурӣ парвозҳоро ба шаҳри Хоруғ аз аввали моҳи октябри соли 2017 қатъ карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.