Омодагии “Азия-Плюс” ба нашри дуюми роҳнамои сайёҳӣ ва даъват ба шарикиву ҳамкорӣ

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба корҳои нашри роҳаномаи нави “Салом” барои сайёҳон оғоз мекунад. Роҳнамо-маълумотнома барои касоне пешбинӣ шудааст, ки ба сифати меҳмону сайёҳ ё барои кору истироҳат ба Душанбе меоянд. Маълумоти нашрия ҳамчунин барои шаҳрвандони кишвар, ки Тоҷикистонро бештару хубтар донистан мехоҳанд, низ муфид хоҳад буд. Мо ширкатҳои сайёҳӣ, ки сайру саёҳатро дар ҷумҳурӣ пешниҳод […]

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба корҳои нашри роҳаномаи нави “Салом” барои сайёҳон оғоз мекунад. Роҳнамо-маълумотнома барои касоне пешбинӣ шудааст, ки ба сифати меҳмону сайёҳ ё барои кору истироҳат ба Душанбе меоянд. Маълумоти нашрия ҳамчунин барои шаҳрвандони кишвар, ки Тоҷикистонро бештару хубтар донистан мехоҳанд, низ муфид хоҳад буд.

Мо ширкатҳои сайёҳӣ, ки сайру саёҳатро дар ҷумҳурӣ пешниҳод мекунанд, тарабхонаву қаҳвахона, меҳмонхона ва хостелҳо, минтақаҳои истироҳату осоишгоҳ, мағозаҳои туҳфаҳо ва марказҳои ҳунармандии анъанавиро ба шарикиву ҳамкорӣ даъват мекунем.

Дар роҳнамо дар бораи иншооти дар боло зикршуда ва ҳамчунин дигар иншооту зербинои сайёҳии мавриди таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ ва тоҷикистониён, ки барои истироҳату тамошо ба кишвари мо меоянд, маълумоти мухтасар дода мешавад.

Дар роҳнамо сайёҳон ҳамчунин дар бораи макони тамошобобу диданӣ, мавзеъҳои истироҳату фароғат ва ғайра маълумоти муфиду зарурӣ дарёфт карда метавонанд.

Роҳнамои “Салом” бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба чоп мерасад. Ҳамаи маълумот аз он бо шумули саҳифаҳои шарикон дар сомонаи news.tj дар лоиҳаи махсуси онлайн нашр мешавад.

Роҳнамо бо муқоваи қавӣ бепул дар ҳамаи фурудгоҳу меҳмонхона ва гузаргоҳҳи сарҳадӣ паҳн карда мешавад.

Дархостҳоро барои иштирок дар лоиҳа бо суроғаи электронии [email protected] фиристодан мумкин аст. Тефлефонҳо барои дарёфти маълумоти муфассал: +992 44 600 71 10; 44 600 71 12. Дархостҳо то 15 июл қабул мешаванд.

Роҳнамои “Салом” пешниҳоди муфид барои касонест, ки ба меҳмонони кишвар дар бораи худ ва ватанашон бештар маълумот доданианд.

Худи ҳозир ба мо занг занед!  

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...