Гирифтани шаҳрвандии Русия ба табибону дорусозон осонтар шуд

Asia-Plus

Думаи Давлатиии Русия лоиҳаи қонунро дар бораи аз се то ба як сол кам кардани муҳлати собиқаи кории ҳадди ақал барои мутахассисони хориҷӣ, ки бо тарзи осоншуда шаҳрвандии Русияро гирифтан мехоҳанд, дар қироати сеюм маъқул шуморид. Дар ин бора санаи 25 июн ТАСС хабар дод.

Лоиҳаи қонун аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ба Қонун “Дар бораи шаҳрвандии Русия” дар қисмати камшавии муҳлати амалисозии фаъолияти меҳнатӣ, ки бобати муроҷиат бо ариза ҷиҳати қабул ба шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ зарур аст, тағйирот ворид мекунад.

“Муҳлати кори заруриро аз се то ба як сол кам мекунем, то ки мутахассиони варзидаи кишварҳои хориҷӣ осонтару тезтар ба шаҳрвандии Русия соҳиб шуда тавонанд”, – гуфтааст раиси Думаи Давлатӣ Вячеслав Володин.

Рӯйхати ихтисосҳо, ки шахсони соҳиб ба он ба гирифтани шаҳрвандии Русия бо тарзи соддашуда ҳуқуқ доранд, аз ҷониби ҳукумати Русия тасдиқ шудааст, хабар медиҳад Агентии федералии иттилоот (Федеральное агентство новостей).

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Думаи давлатии Русия, миёни ин мутахассисон табибону дорусозон зикр мешаванд.

“Байни ихтисосҳое, ки ба ин амал ҳуқуқ медиҳанд, ихтисосҳои гуногун – табибону дорусозон, коргарони дорои тахассуси баланд, математику муҳандисон, муҳандисони тарҳсоз, мутахассисон оид ба ҳифзи маълумот зикр шуда, дар сурати зарурати рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби онҳо ба кишвар бахусус муҳим мешавад”, – таъкид доштааст Вячеслав Володин.

Зимнан зикр мегардад, ки меъёрҳои нави ҳуқуқӣ бо гузашти 90 рӯз аз замони нашри расмии қонун мавриди амал қарор мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Қурбони Собир: “Тоҷикони Самарқанду Бухоро бетарафанд ва аз ҳувияти худ дарак намедиҳанд”

Бахши дуввуми мусоҳиба бо иҷрокунандаи нақши Ҷомӣ дар филми "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар бораи ҳувияти миллӣ ва забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.