Гирифтани шаҳрвандии Русия ба табибону дорусозон осонтар шуд

Думаи Давлатиии Русия лоиҳаи қонунро дар бораи аз се то ба як сол кам кардани муҳлати собиқаи кории ҳадди ақал барои мутахассисони хориҷӣ, ки бо тарзи осоншуда шаҳрвандии Русияро гирифтан мехоҳанд, дар қироати сеюм маъқул шуморид. Дар ин бора санаи 25 июн ТАСС хабар дод. Лоиҳаи қонун аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ба Қонун “Дар […]

Думаи Давлатиии Русия лоиҳаи қонунро дар бораи аз се то ба як сол кам кардани муҳлати собиқаи кории ҳадди ақал барои мутахассисони хориҷӣ, ки бо тарзи осоншуда шаҳрвандии Русияро гирифтан мехоҳанд, дар қироати сеюм маъқул шуморид. Дар ин бора санаи 25 июн ТАСС хабар дод.

Лоиҳаи қонун аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ба Қонун “Дар бораи шаҳрвандии Русия” дар қисмати камшавии муҳлати амалисозии фаъолияти меҳнатӣ, ки бобати муроҷиат бо ариза ҷиҳати қабул ба шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ зарур аст, тағйирот ворид мекунад.

“Муҳлати кори заруриро аз се то ба як сол кам мекунем, то ки мутахассиони варзидаи кишварҳои хориҷӣ осонтару тезтар ба шаҳрвандии Русия соҳиб шуда тавонанд”, – гуфтааст раиси Думаи Давлатӣ Вячеслав Володин.

Рӯйхати ихтисосҳо, ки шахсони соҳиб ба он ба гирифтани шаҳрвандии Русия бо тарзи соддашуда ҳуқуқ доранд, аз ҷониби ҳукумати Русия тасдиқ шудааст, хабар медиҳад Агентии федералии иттилоот (Федеральное агентство новостей).

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Думаи давлатии Русия, миёни ин мутахассисон табибону дорусозон зикр мешаванд.

“Байни ихтисосҳое, ки ба ин амал ҳуқуқ медиҳанд, ихтисосҳои гуногун – табибону дорусозон, коргарони дорои тахассуси баланд, математику муҳандисон, муҳандисони тарҳсоз, мутахассисон оид ба ҳифзи маълумот зикр шуда, дар сурати зарурати рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби онҳо ба кишвар бахусус муҳим мешавад”, – таъкид доштааст Вячеслав Володин.

Зимнан зикр мегардад, ки меъёрҳои нави ҳуқуқӣ бо гузашти 90 рӯз аз замони нашри расмии қонун мавриди амал қарор мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.