Чин як қисми харҷи ҷаласаи СҲШ-ро дар Бишкек пардохт мекунад

Ҳукумати Чин барои пардохти як қисми харҷи ҷаласаи раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки ахиран дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, 6 млн 760 ҳазор доллар ҷудо мекунад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бо истинод ба Вазорати молияи Қирғизистон, миёни Бишкек ва Пекин дар ин замина ёддоште ба имзо расидааст. Зикр […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҳукумати Чин барои пардохти як қисми харҷи ҷаласаи раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки ахиран дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, 6 млн 760 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бо истинод ба Вазорати молияи Қирғизистон, миёни Бишкек ва Пекин дар ин замина ёддоште ба имзо расидааст.

Зикр мегардад, ки бо маблағи мазкур кадом бахши харҷҳои ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ рӯйпӯш хоҳад шуд, гуфта намешавад.

Ҷаласаи ахири раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай 14 июн зери раҳбарии Қирғизистон дар Бишкек баргузор шуд. Дар он як эъломия ва беш аз 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ҷаласаи навбатии сарони СҲШ соли 2020 зери раҳбарии Русия дар он кишвар баргузор хоҳад гашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.