Мақомот нақшаи ошӯбро дар зиндонҳои Душанбе рад мекунанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар зиндонҳои Душанбе ягон кӯшиши роҳандозии ошӯб ба қайд гирифта нашудааст, изҳор доштанд ба “Азия-Плюс” дар қабулгоҳи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон.

“Ҳеҷ гуна кӯшиши сар задани ошӯб вуҷуд надошт ва надорад, дар ҳеҷ кадоме аз зиндонҳои шаҳр тадбирҳои амният пурзӯр карда нашуда, ҳамаи муассисаҳои ислоҳии кишвар бо реҷаи маъмулӣ кор мекунанд”, – қайд кард намояндаи Сарраёсат.

Қаблан бо истинод ба як манбаъ дар Сарраёсати мазкур Радиои Озодӣ хабар дод, ки мақомот ҳудуди 20 маҳбуси зиндони рақами яки шаҳри Душанберо "барои омодагӣ ба ошӯб" айбдор кардаанд.

“Ҳоло 20 зиндонӣ дар боздоштгоҳи алоҳида нигаҳдорӣ мешаванд ва нисбат ба онҳо тафтиш ҷараён дорад. Ин гурӯҳи маҳбусон барои анҷоми як ошӯби монанд ба ошӯби зиндони шаҳри Ваҳдат омодагӣ медиданд. Аз махфигоҳе дар дохили маҳбас оҳанпораҳо барои ҳамла мусодира шудааст. Ин гурӯҳ дар гузашта барои узвият дар созмонҳои тундрав ба солҳои тӯлонӣ ҳукми зиндон гирифта буданд”, – гуфтааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нақшаи ин маҳбусон барои анҷоми ошӯб, ба гуфтаи мақомот, пас аз ҳодиса дар зиндони шаҳри Ваҳдат, ки  дар ҷараёни он 29 маҳбус ва се нозири зиндон кушта шуданд ва "дар натиҷаи тафтиши фарогир" ошкор ва аз амалӣ шудани он пешгирӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар маҳбаси рақами ҳафт воқеъ дар Душанбе  низ гурӯҳе барои омодагӣ ба ошӯб гумонбар шудаанд.

“Айби инҳо пурра тасдиқ нашудааст, вале муфаттишон мегӯянд, далел пайдо кардаанд. Ҳатто “амирон”-и гурӯҳ низ боздошт шудаанд”, – иброз доштааст манбаъ.

Зимнан зикр мегардад, ки шахсияти ин зиндониён, ки гӯё ба ошӯб омодагӣ дидаанд, маълум нест. Тасдиқ ё инкори ин айб аз худи зиндониён ва ё пайвандони онҳо то ҳанӯз дастрас нест.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.