Мақомот нақшаи ошӯбро дар зиндонҳои Душанбе рад мекунанд

Муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар зиндонҳои Душанбе ягон кӯшиши роҳандозии ошӯб ба қайд гирифта нашудааст, изҳор доштанд ба “Азия-Плюс” дар қабулгоҳи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон. “Ҳеҷ гуна кӯшиши сар задани ошӯб вуҷуд надошт ва надорад, дар ҳеҷ кадоме аз зиндонҳои шаҳр тадбирҳои амният пурзӯр карда нашуда, ҳамаи муассисаҳои […]

Муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар зиндонҳои Душанбе ягон кӯшиши роҳандозии ошӯб ба қайд гирифта нашудааст, изҳор доштанд ба “Азия-Плюс” дар қабулгоҳи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон.

“Ҳеҷ гуна кӯшиши сар задани ошӯб вуҷуд надошт ва надорад, дар ҳеҷ кадоме аз зиндонҳои шаҳр тадбирҳои амният пурзӯр карда нашуда, ҳамаи муассисаҳои ислоҳии кишвар бо реҷаи маъмулӣ кор мекунанд”, – қайд кард намояндаи Сарраёсат.

Қаблан бо истинод ба як манбаъ дар Сарраёсати мазкур Радиои Озодӣ хабар дод, ки мақомот ҳудуди 20 маҳбуси зиндони рақами яки шаҳри Душанберо "барои омодагӣ ба ошӯб" айбдор кардаанд.

“Ҳоло 20 зиндонӣ дар боздоштгоҳи алоҳида нигаҳдорӣ мешаванд ва нисбат ба онҳо тафтиш ҷараён дорад. Ин гурӯҳи маҳбусон барои анҷоми як ошӯби монанд ба ошӯби зиндони шаҳри Ваҳдат омодагӣ медиданд. Аз махфигоҳе дар дохили маҳбас оҳанпораҳо барои ҳамла мусодира шудааст. Ин гурӯҳ дар гузашта барои узвият дар созмонҳои тундрав ба солҳои тӯлонӣ ҳукми зиндон гирифта буданд”, – гуфтааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нақшаи ин маҳбусон барои анҷоми ошӯб, ба гуфтаи мақомот, пас аз ҳодиса дар зиндони шаҳри Ваҳдат, ки  дар ҷараёни он 29 маҳбус ва се нозири зиндон кушта шуданд ва "дар натиҷаи тафтиши фарогир" ошкор ва аз амалӣ шудани он пешгирӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар маҳбаси рақами ҳафт воқеъ дар Душанбе  низ гурӯҳе барои омодагӣ ба ошӯб гумонбар шудаанд.

“Айби инҳо пурра тасдиқ нашудааст, вале муфаттишон мегӯянд, далел пайдо кардаанд. Ҳатто “амирон”-и гурӯҳ низ боздошт шудаанд”, – иброз доштааст манбаъ.

Зимнан зикр мегардад, ки шахсияти ин зиндониён, ки гӯё ба ошӯб омодагӣ дидаанд, маълум нест. Тасдиқ ё инкори ин айб аз худи зиндониён ва ё пайвандони онҳо то ҳанӯз дастрас нест.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.