Ансамбли Ҷамъияти нобиноён 30-солагиашро ҷашн гирифт

Asia-Plus

Ансамбли Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Ваҳдат 30-солагиашро ҷашн гирифта, тӯли ин муддат беш аз 20 нафар мусиқачиёну сарояндагони нобино табъи тамошобинонро болида гардонида, шахсан худи онҳо низ аз касбу ҳунари худ қаноатманданд.

Ба ҷуз машғулияти эҷодӣ аксари онҳо дар коргоҳҳои истеҳсолии Ҷамъият машғули кор буда, дар як моҳ 700 сомонӣ пул кор мекунанд.

Аз эҷодиёту кори онҳо дар гузориши видеоии мо маълумоти бештар пайдо мекунед.

Ягона ансамбли Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон бо кумаки Фонди Сорос соли 2016 бо мақсади ҷалби нобиноёни кишвар ба мусиқӣ фестивали бузурги мусиқии “Чашми дил”-ро баргузор намуд.

“Ба туфайли ин чорабинӣ бисёре аз наврасону кӯдакони нобино ё дорои нуқси чашмон, ки то ин дам танҳо буда, аз ҷамъият худро канор мегирифтанд, ба мактабҳои мусиқӣ ҷалб шуданд. Мо бисёр истеъдодҳоро рӯи саҳна овардем”, – қайд мекунанд дар филиали Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар Ваҳдат.

Ҳамчунин Институти “Ҷамъияти кушода – Бунёди Сорос ба онҳо дар дастрас намудани панҷ асбоби нави мусиқӣ кумак намуд, ки ба туфайли истифодаи пурсамари он гурӯҳи мусиқачиёну сарояндагони нобино дар чандин консерту фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ҳунарнамоӣ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.