Ансамбли Ҷамъияти нобиноён 30-солагиашро ҷашн гирифт

Ансамбли Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Ваҳдат 30-солагиашро ҷашн гирифта, тӯли ин муддат беш аз 20 нафар мусиқачиёну сарояндагони нобино табъи тамошобинонро болида гардонида, шахсан худи онҳо низ аз касбу ҳунари худ қаноатманданд. Ба ҷуз машғулияти эҷодӣ аксари онҳо дар коргоҳҳои истеҳсолии Ҷамъият машғули кор буда, дар як моҳ 700 сомонӣ пул кор мекунанд. Аз эҷодиёту кори […]

Ансамбли Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Ваҳдат 30-солагиашро ҷашн гирифта, тӯли ин муддат беш аз 20 нафар мусиқачиёну сарояндагони нобино табъи тамошобинонро болида гардонида, шахсан худи онҳо низ аз касбу ҳунари худ қаноатманданд.

Ба ҷуз машғулияти эҷодӣ аксари онҳо дар коргоҳҳои истеҳсолии Ҷамъият машғули кор буда, дар як моҳ 700 сомонӣ пул кор мекунанд.

Аз эҷодиёту кори онҳо дар гузориши видеоии мо маълумоти бештар пайдо мекунед.

Ягона ансамбли Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон бо кумаки Фонди Сорос соли 2016 бо мақсади ҷалби нобиноёни кишвар ба мусиқӣ фестивали бузурги мусиқии “Чашми дил”-ро баргузор намуд.

“Ба туфайли ин чорабинӣ бисёре аз наврасону кӯдакони нобино ё дорои нуқси чашмон, ки то ин дам танҳо буда, аз ҷамъият худро канор мегирифтанд, ба мактабҳои мусиқӣ ҷалб шуданд. Мо бисёр истеъдодҳоро рӯи саҳна овардем”, – қайд мекунанд дар филиали Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар Ваҳдат.

Ҳамчунин Институти “Ҷамъияти кушода – Бунёди Сорос ба онҳо дар дастрас намудани панҷ асбоби нави мусиқӣ кумак намуд, ки ба туфайли истифодаи пурсамари он гурӯҳи мусиқачиёну сарояндагони нобино дар чандин консерту фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ҳунарнамоӣ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.