Дар Душанбе озмуни маҳалла ва кӯчаи беҳтарин доир мегардад

Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, озмунҳо шурӯъ аз ҳамин сол то соли 2021 – ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳар сол гузаронида мешаванд. Бо дастури раиси пойтахт, комиссияи шаҳрӣ натиҷаҳои озмунҳоро бо дарназардошти номзадҳои […]

Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, озмунҳо шурӯъ аз ҳамин сол то соли 2021 – ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳар сол гузаронида мешаванд.

Бо дастури раиси пойтахт, комиссияи шаҳрӣ натиҷаҳои озмунҳоро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 1 сентябри ҳар сол ҷамъбаст менамояд.

Ба ҳайати комиссия кормандони мақомоти шаҳрдорӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи пойтахт, намояндагони аҳли ҷомеа шомиланд.

Гуфта мешавад, ба ғолибони озмунҳо дар ҳаҷми 12 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин шуда, ба ҳар кадоме аз ғолибони озмунҳо – 6 ҳазор сомонӣ, зинаи дуюм – 4 ҳазор ва ҷойи сеюм – 2 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.