Миллионҳо аз БАТР. Гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо Сума Чакрабарти

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки натиҷаи ин мулоқот имконоти густариши ҳамкорӣ ва самтҳои нави онро байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, фароҳам меорад.

Гуфта мешавад, Сума Чакрабарти ба Президенти Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди сиёсати бобарори иқтисодӣ, ҷорӣ кардани ислоҳоти муваффақ дар ҳамаи бахшҳо ва рушди бонизоми кишвар, баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рушди энергетика ва истифодаи босамари нерӯи барқ, ташаккули инфрасохтори ҳамлу нақл бо мақсади тавсеаи ҳамкории минтақавӣ, дастгириии бахши хусусӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, рушди боэътимоди бозори молиявии мамлакат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, махсусан, дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнокро, муҳокима карданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкории зичу пурсамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон бо маблағи 755 миллион доллар 127 лоиҳаи гуногун татбиқ гардид. 

Зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон айни замон 22 лоиҳаи сармоягузорӣ тавассути маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми беш аз 520 миллион доллар амалӣ гардида истодааст.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи ҳамкорӣ дар самти татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва ҷудо кардани маблағҳои грантӣ, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.