Ҷамъоварии воситаҳо баҳри рушди маълумотномаи ҳуқуқии SADBARG

Дар платформаи Gofundme дар шабакаи интернет баҳри ҷамъоварии воситаҳо барои рушди минбаъдаи нахустин дар Тоҷикистон маълумотномаи ҳуқуқии SADBARG ва тарҷумаи он ба забони англисӣ як маърака роҳандозӣ шудааст. Таҳиягарони маълумотнома Муслим Мақсудзода ва Умар Арабов аз ҳама даъват кардаанд, ки дар ин маъракаи ҷамъоварии воситаҳо иштирок кунанд: https://www.gofundme.com/sadbarg-first-free-online-tajik-legal-guide. “Аз ҳама гуна тарзи дастгирӣ самимона истиқбол […]

Дар платформаи Gofundme дар шабакаи интернет баҳри ҷамъоварии воситаҳо барои рушди минбаъдаи нахустин дар Тоҷикистон маълумотномаи ҳуқуқии SADBARG ва тарҷумаи он ба забони англисӣ як маърака роҳандозӣ шудааст.

Таҳиягарони маълумотнома Муслим Мақсудзода ва Умар Арабов аз ҳама даъват кардаанд, ки дар ин маъракаи ҷамъоварии воситаҳо иштирок кунанд: https://www.gofundme.com/sadbarg-first-free-online-tajik-legal-guide.

“Аз ҳама гуна тарзи дастгирӣ самимона истиқбол мешавад. Шахсоне, ки баҳри дастгирӣ воситаҳои молӣ надоранд, бо паҳн кардани ин маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва доираҳои гуногуни одамон: дӯстон, наздикону пайвандон ва ҳамкорони худ кумак карда метавонанд. Барои ин метавон аз воситаи “ ба каси дигар фирист” (поделиться) дар сомонаи gofundme истифода кард. Ин маълумотнома барои Тоҷикистон ва ба мардум лозим аст”, – изҳор мекунанд муаллифони лоиҳа.

Нахустин дар Тоҷикистон маълумотномаи ҳуқуқии бепул SADBARG (www.sadbarg.org) 1 октябри соли 2018 рӯйи кор омад.

Он аз наздики 200 маълумотнома бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ иборат буда, масъалаҳои рӯзмарра барои мардумро фаро мегирад: оила, бахшҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра.

https://www.youtube.com/watch?v=M0hg4SJE00E

Қисмате начандон зиёди маълумотнома, ки барои истифодаи муҳоҷирон пешбинӣ шудааст, бар асоси қонунгузорӣ ва ҳуқуқҳои амалкунанда дар Русия таҳия шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.