Яки туркиву бисту ҳашти тоҷикӣ ё беҳимматии мо то куҷост

Тайи ду се соли охир сегменти тоҷикии YouTube ба таври хубтару беҳтар фаъол гардида истодааст. Ҷиҳати хубии масъала дар он аст, ки мо дар як қисми бузурги фазои маҷозӣ,ки  он ҳам бошад зиёда аз як миллиард корбар дорад, имкони пахши садову видеои худро дорем. Паҳлӯи манфии масъала бошад, бо контентҳои бемаънову бемақсадамон вақти худро мегирем, […]

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ, махсус барои “Азия-Плюс”

Тайи ду се соли охир сегменти тоҷикии YouTube ба таври хубтару беҳтар фаъол гардида истодааст. Ҷиҳати хубии масъала дар он аст, ки мо дар як қисми бузурги фазои маҷозӣ,ки  он ҳам бошад зиёда аз як миллиард корбар дорад, имкони пахши садову видеои худро дорем. Паҳлӯи манфии масъала бошад, бо контентҳои бемаънову бемақсадамон вақти худро мегирем, вақти мардумро мегирем, ба касе фоида намеорем, маҷбур мекунем, ки бинандагонамон миллату давлати моро ба қадри тафаккур ва маърифати мо баҳо бидиҳанд…

Агарчи бештари фаъолони саҳифаи YouTube-и тоҷикиро муҳоҷирони меҳнатиамон ташкил диҳанд ҳам, дар дохили кишварамон низ сафи онҳо рӯз то рӯз зиёд гардида, барои пулкоркунӣ, таҳияи контент ва билохира комментнависӣ “аккаунт”-ҳои зиёд фаъол шуда истодаанд. Вале далели раднашаванда ин аст, ки бештари корбарони фаъоли сегменти тоҷикии YouTube-ро реперон ташкил медиҳанд. Имрӯз аксарият реперони тоҷик дар баробари репхонӣ, ки дар Тоҷикистон то чанде қабл пешаи зараровар ва маҳвкунандаи вақти ҷавонӣ маҳсуб меёфт, каналҳои худро сохтаанд. Бо сохтану доштани канал онҳо аллакай аз реп фоида ба даст оварданро шурӯъ кардаанд ва дар баробари репхонӣ барои аудиторияашон ҳар гуна барномаву пранкҳо таҳияву пахш мекунанд.

Ба тарзи дигар гӯем дар ҳоли ҳозир ҳар нафаре, ки дастгоҳи сабткунӣ ва ноутбук дошта бошад, корбари фаъол ё блоггери замони нави фазои маҷозии мо маҳсуб меёбад. Ин аз ҷое сарчашма мегирад, ки дар ҷумҳурии мо ба як касби фоидаовар ва ҳозиразамон – блоггерӣ тамоман таваҷҷуҳ дода намешавад ва дар ҳеҷ як донишгоҳу донишкадае бо чунин ном ихтисосе вуҷуд надорад, ин дар ҳолест, ки имрӯзҳо дар макотиби олии мо даҳҳо ихтисосе донишҷӯ доранд, ки ба ҷуз кӯр кардани вақту умру пули ҷавонон, дигар ба онҳо чизе дода наметавонанд. Яъне вақте ки дар маконҳои муайян ба касбият таваҷҷуҳ намешаваду барои қисме он беаҳамият боқӣ мемонад, ба майдони холӣ “нео”-ҳо ворид шуда, он ҷоро ба хоки сиёҳ мубаддал мегардонанд.

Аксарият корбарони саҳифаи YouTube чӣ будани контентҳояшон, мақсад аз таҳияву пахш ва мазмуну муҳтавои онҳоро намедонанд, аммо медонанд, ки бо фаъол шудани "манитизатсия"-и каналашон пул кор карда метавонад. Фикри ғолиб ҳам ҳамин аст, ки барои онҳо аз ҳама муҳим пул аст, на чизи дигар.

Бо ин баробар дар YouTube-и тоҷикӣ бисёре аз каналҳое фаъол ҳастанд, ки бо гузоштани филмҳои туркӣ бо тарҷумаи забони тоҷикӣ машғуланд. Аслан, дубляжи филмҳои туркиро моликони он каналҳо анҷом намедиҳанд, балки онҳоро гирифта дар саҳифаҳояшон мегузоранд. Ва аммо он филмҳоро ба таври дигар, ба хости худ, ҳеҷ фикри бинандаро накарда, танҳо фикри "просмотр" ва "лайк"-ро намуда, бо фикри чӣ қадар пул фиристодани YouTube мемонанд.

Дар YouTube-и тоҷикӣ  филми туркие бо номи "Қавл" чарх мезанад ва онро ҳам ба мисли дигар филмҳои машҳури туркӣ ҳунармандони ҳирфаии мо дубляж кардаанд. Филми мазкур барои тоҷикзабонон дар канали "Олами синамо"-и сегменти тоҷикии YouTube пахш мегардад. Давомнокии як қисми филми “Қавл” аз ду соат зиёд аст, яъне қариб ҳамагӣ аз 140 дақиқа зиёданд. Дубляжкунандагони мо ба хотири миқдори қисмҳояшро зиёд кардану ҳафтаҳои зиёд аз ҳаводорон пул кор кардан як қисми ин филмро гирифта ба чор қисми тоҷикӣ табдил додаанд. Аз 140 дақиқа, ки зераш қисми 1 навишта шудааст, чор қисми 35 дақиқагӣ сохтанд ва баробари ба поён расидани ҳар 35 дақиқа поёни фалон қисм навишта мешавад.

Ин дарди ба хайр аст, зеро аллакай маъмул ва куҳна аст, вале дарди нав ин аст, ки боз соҳибони "Олами синамо" ва боз чанд канали дигари YouTube ба болои он ки як қисми филми туркиро чор қисми тоҷикӣ кардаанд, иловатан ҳар як қисми тоҷикии кардаашонро (35 дақиқагиро) ба порча-порчаи 5 дақиқагӣ тақсим кардаанд, ки дар натиҷа метавон гуфт ютуберрони мо як филми 140 дақиқагиро ба 28 тақсим кардаву онро ба аудиторияашон пешниҳод менамоянд.

Ин ҳама барои чӣ? Барои "просмотр" гирифтан. Чӣ хел? Як филм дар канали мазкур аз ҳама бештар  то 20 ҳазор маротиба аз назар гузаронида мешавад, аммо вакте ки онро ба 28 қисмча таксим мекунанд бинандаашон ба 560 000 мерасад. Пас аз як филм чӣ қадар фоида ба даст оварданро Худо медонаду худи онҳо. Ва боз метавон гуфт, ки дар ҳар 5 дақиқаи филми мазкур реклама аст. Рекламаи аз сарҳади Русия-Қазоқистон гузаштан ва он ҳам бошад, ҳар 5 дақиқа якранг ва бо садои дағал ба гӯш мерасад. Даромад аз реклама ҳам муаммост.

Ҳамчунин ба ин монанд метавон даҳҳо филмеро ном бурд, ки бо чунин тарз ба корбарони фазои маҷозӣ пешниҳод мегардад. Мутаассифона, ин омил метавонад сабаби тавлиди даҳҳо фикри ғалат дар бораи тоҷику тоҷикистониён гардад ва моро мебояд қабл аз ҳама онҳоро пешгирӣ кунем. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ