Шарҳи ҳаводиси атрофи Алмосбек Отамбоев аз ҷониби собиқ президенти Қирғизистон

Президенти пешини Қирғизистон Роза Отунбоева ҳаводиси атрофи Алмосбек Отамбоев ва бекорсозии дахлнопазирии ӯро шарҳ дод. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Отунбоева имрӯз гуфтааст, онҳое, ки аз бекорсозии дахлнопазирӣ ва мақоми президентии пешини Отамбоев ба тааҷҷуб омадаанд, фаромӯш сохтаанд, ки "чӣ гуна ба таври содаву осон дахлнопазирии вакилӣ сарфи назар шуда буд, чӣ гуна […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти пешини Қирғизистон Роза Отунбоева ҳаводиси атрофи Алмосбек Отамбоев ва бекорсозии дахлнопазирии ӯро шарҳ дод.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Отунбоева имрӯз гуфтааст, онҳое, ки аз бекорсозии дахлнопазирӣ ва мақоми президентии пешини Отамбоев ба тааҷҷуб омадаанд, фаромӯш сохтаанд, ки "чӣ гуна ба таври содаву осон дахлнопазирии вакилӣ сарфи назар шуда буд, чӣ гуна вакилонро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин айбдор сохтанд ва бидуни ризоияти порлумон ҳабс намуданд".

"Тақрибан ҳамаи талабҳо дар мавриди парокандасозии порлумон ба он хотир садо медоданд, ки миёни шохаи қонунгузорро шикананд ва онро мутеи президент гардонанд. Ҳамаи ин ба тарсу шудани порлумон оварда расонад", – гуфтааст Отунбоева.

Гуфта мешавад, Отунбоева ҳамзамон аз он изҳори таассуф кардааст, ки додситонии кул "ҳанӯз" таъқибҳо ва фишорҳои замони президентии Отамбоевро тафтишу тасдиқ накардааст.

Қобили зикр аст, ки порлумони он кишвар рӯзи 27 июн Алмосбек Отамбоевро аз мақоми президентии пешин маҳрум кард. Ин тасмим ба мақомоти қудратӣ иҷозат медиҳад, ки Отамбоевро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд. Алмосбек Отамбоев бовар дорад, ҳукумати кунунии кишвараш ба ин тартиб мехоҳад, рақиби сиёсиашро маҳв созад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.