Сокини 18-солаи пойтахт дар дарёи Душанбе ғарқ шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокини 18-солаи пойтахт Умед Нуров нимаи дуюми рӯзи 3 июл ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе наздикии мавзеи маҷмааи табъу нашр (ГЖК) ғарқ шуд.

Баъди ҷустуҷӯи начандон тӯлонӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади ӯро дарёфт намуданд.

“Ҷасади Умед Нуров ба кормандони милитсия супурда шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, аз оғози мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон – 1 июн то имрӯз дар кӯлу обанбор ва наҳру дарёҳои кишвар 55 нафар шаҳрвнадони кишвар ҳалок шудаанд.

Қобили зикр аст, ки бо фарорасии тобистон аксарият назди дарёву обанбор ва ҳавзҳои шиноварӣ худро аз гармии тоқатфарсо наҷот медиҳанд. Лекин на ҳама қоидаҳои бехатариро ҳангоми оббозӣ риоя мекунанд. Дар матни зер бо тарзи рафтор ва расонидани кумаки аввалия ба ғарқшуда шинос шуда метавонед.

Интихоби ҷой барои оббозӣ

– дар ҷойҳои иҷозашуда оббозӣ кунед

– қаъри обро бисанҷед, ки чизҳои тезу хатарнок ва партов надошта бошад

– ҷуқурии ҷойи оббозиро муайян кунед

– ҷойи ҳамвори оббозиро интихоб намоед

– ҳарорати обро муайян созед. Дар оби хеле сард ообозӣ тавсия дода намешавад.

Тарзи рафтор ҳангоми оббозӣ

– Аз соҳил дур шино накунед

– дар ҳолати худро хуб ҳис накардан ба об надароед

– агар ба маҷрои тез афтед, муқобили он шино накарда, бо истифода аз он ба соҳил наздик шавед

– агар ба гирдоб афтед, худро аз даст надода, бо ҳамин маҷро шино ва болои об бароед

– аз аломатҳои гузошта берун шино накунед

– зимни кашиши рагҳо тарзи шиноро тағйир дода, ба соҳил бароед

– ба киштиҳову қаиқҳо наздик шино накунед

– дар хотир дошта бошед, ки бо сабаби тағйири босуръати ҳарорат, даромадан ва паридан ба об дар ҳолати ҳаяҷоновар ба кашидашавии рагҳо, аз ҷумла асаб ва дил боис шуда метавонад

– оббозӣ баъди 1,5 соат пас аз истеъмоли хӯроки зиёд тавсия дода мешавад

– дар ҷойи бароятон ношиносу номаълум оббозӣ накунед

– пас аз гармшавии зиёд барои ба оби хунук даромадан шитоб накунед, ки беҳуш шуда метавонед

– ҳангоми оббозӣ кӯдаконро беназорат нагузоред

– аз пулчаҳову сарбанд, истгоҳ ва қаиқҳо худро ба об напартоед

Чӣ гуна метавон шахсро аз ғарқшавӣ наҷот дод

– дар хотир дошта бошед, ки нафаскаширо на дертар аз 6 дақиқа пас аз қатъи он баргардонидан имкон дорад

– сари шахсро ба паҳлӯ баргардонида даҳонро аз хоку рег ва лойқа тоза кунед, обро аз роҳҳои нафаскашӣ ва меъда берун оваред

– ба шахсе, ки ғарқ мешавад, имкон надиҳед, ки шуморо ба оғӯш гирад, назорат кунед, ки сари ӯ рӯи об бошад

– кӯшиш кунед, ки шахсро аз чуқурӣ берун оред. Ин корро муддати 10 дақиқа аз замони ғарқшавӣ давом додан лозим аст

– ҳангоми мавҷуд наудани набз (тапидани дил), ба тарзи нафасдиҳии “аз даҳон ба даҳон” оғоз кунед. Ҳамзамон масҳи берунии рӯи дил иҷро карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...