Шашумин ҷарроҳии Осияи оташгирифта дар як моҳ

Манзумаи ФИРӮЗ, “Азия-Плюс”

Дар як моҳ марҳилаи панҷуми ҷарроҳии Осияи 6-сола гузаронида шуд. Ва дар назар аст, ки фардо ҷарроҳии шашуми ӯ низ гузаронида шавад, гуфт ба “Азия-Плюс”, мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази тиббии шаҳрии №3,Тоҳир Зубайдов.

Зубайдов, вазъи солимии Осияро мӯътадил арзёбӣ намуда, гуфт:

– Саломатии Осия рӯ ба беҳбудист ва нӯшидану истеъмол намудани хӯрокаш низ хуб аст. Ҷарроҳи панҷумро худамон гузаронидем ва фардо баъди захмбандӣ ният аст, ҷарроҳии шашум, яъне ҷарроҳии пӯстчаспонӣ гузаронем. Барои шифоёбии Осияи хурдакак тамоми корҳоро ба анҷом расонида истодаем ва табобат идома дорад.

Наздикони Осия низ мегӯянд баъди ҳар ҷароҳҳии гузаронидашуда, вазъи саломатии Осия беҳтар мегардад. Тавре Бибии Осия, Фотима Зулфонова, дар суҳбат гуфт, “дар беморхона Осияро модараш ҳамроҳӣ мекунад ва барои дигарон иҷозати ворид шудан ба назди ӯ манъ аст. Чун дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад”.

“Мо дар ҳавлии беморхона нишаста аз вазъи солимии Осия хабардор мешавем. Шабу рӯз дуо мекунем, ки духтарамон зудтар шифо ёбаду мисли пештара хандону хушрӯз бошад ”, – иброз дошт номбурда. 

То чанд маротибаи дигар Осия ҷарроҳӣ хоҳад шуд, феълан маълум нест. Вале Худи Эдгар Бимер табиби олмонӣ вазъи саломатии ноболиғро муътадили вазнини миёна арзёбӣ кард ва барои табобати Осия тамоми чораҳо андешида шуда истодааст.

Бояд гуфт, барои муоинаи Осия Зулфоноваи 6-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки санаи 19 июн бо ҷароҳатхои вазнин аз сӯхтор ба беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ гашта буд, бо даъвати президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (Комбусталогия), ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер аз Олмон ба Душанбе ташриф овард.

Осияро рӯзи 19 июн се ноболиғ оташ заданд, ки дар натиҷа гумонбари асосии фоҷиа ноболиғи 13-сола ба Маркази саломатии бемориҳои рӯҳии кӯдакон ва наврасон фиристода шуд.  

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...