Таътил: истироҳати муфид ё мавсими бекориву оворагардӣ?

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ, махсус барои “Азия-Плюс”

Ба назар чунин менамояд, ки рӯз аз рӯз таътил дар Тоҷикистон аҳамияташро гум карда истодааст ва ин дар ҳолест, ки асабҳо хароб, корҳо нотамом, китобҳо нохонда, каму костагиҳо зиёд ва меъёру принсипҳо иҷро нашудаанд.

Баробари ба итмом расидани соли хонишу супурдани санҷишу имтиҳонот ва барои бархе анҷом додани як қисм корҳои дигар, таътили тобистона оғоз шуд.

Чанд соли охир одатан дар мо таътили тобистона ду моҳ ё ду моҳу чанд рӯз шинохтаву қабул шуда истодааст ва аҳли ҷомеа аз ба забон овардани “таътили семоҳа” ба талаффузи “таътили думоҳа” гузаштаанд. Сабаб маълум аст: муҳлати дарсҳо тамдид ёфт.

Таътили тобистона агар барои бархе айёми бекор гаштан, истироҳат кардан, бепарвову беғам мондан, аз машғулиятҳо озод будан, нафаси осуда гирифтан, аз ташвишҳои мактабӣ фориғ будан бошад, ҳатман, ки барои қисми дигаре аз аҳли ҷомеа вақтест, ки соле як маротиба барои худбарқароршавӣ муқаррар гардидааст. Фосилаест, ки барои ба синфи нав, курси нав ва соли нав тайёрӣ дидану муҳимиятҳоро аз бар намудан пешбинӣ шудааст. Муддатест, ки барои аз варақи тоза оғоз кардани тирамоҳ имкон медиҳад. Вақтест, ки барои зиёдтар амал кардану холигиҳоро пур кардан дода шудааст. Замонест, ки барои беҳуда гузарониданаш назди ҳама, хусусан виҷдон ҷавоб хоҳӣ дод.

Вобаста ба масъалаи мазкур проблемаи асосӣ ин аст, ки қисми зиёди мардум дар фикри хуб ва самаранок истифода кардани ду моҳи бисёр қиммат нестанд. Балки барояшон чунин неъмати бузург ҳеҷ арзише надорад. Ва инро метавон аз суҳбатҳову вохӯриҳо бо нафарони зиёд шуниду мушоҳида кард. Бисёр кам вохӯрдан мумкин аст, ки як нафари имрӯз монанди одами чанд соли пеш таътилашро қадр кунад ва барои ба фоида гузаронидани он кӯшиш кунад. Ин дар ҳолест, ки замони нав аз насли нав талаботи зиёд ва дар задухӯрди сиёсиву иҷтимоӣ муқовимати шадид тақозо мекунад.

Дар ин росто метавон гуфт, ки барои хубтару беҳтар гузаронидани таътил дар макотиби ҷумҳурӣ ба ҷуз чанд устоди дилсӯзу раҳмдил дигар касе чизе намегӯяду чорае андешида намешавад. Дар натиҷа таътили мактаббачагон ва донишҷӯён, ки одатан баъди ин ҳама метавон бесамту бенақшаву бемақсадаш номид, бенатиҷа анҷом меёбад.

Агар ҳамин тавр рафтан гирад маълум аст, ки таътил аз имрӯза дида маънояшро гум мекунад ва мумкин маънои тозае пайдо кунад: мавсими бекорӣ ва оворагардӣ.

Бояд гуфт, ки маънои нав пайдо кардани таътил аз осмон нест, балки аз дидаву  шунидаҳои ҳаррӯза мебошад. Маҳз таътил аст, ки мактаббачагон аз дигар вақт дида зиёдтар оворагардӣ мекунанд. Маҳз таътил аст, ки донишҷӯён бекоргардӣ мекунанд. Маҳз таътил аст, ки ҷавонон ба авбошию корҳои ношоям даст мезананд. Маҳз таътил аст, ки насли нав ба корҳои баде даст мезананд, ки дар вақти бетаътилӣ имкон надоранд. Пас аз ин ҳама садои волидонро, хусусан модаронро мешунавем: “Эҳ ҳамин мактаб тез сар шавад, ки қати ин кӯдакҳо азоб мекашем”. Пештар аз ҳама, бисёр бад аст, вақте ки мо замоне нафас мегирем, ки намедонем барои чӣ ба мо дода шудааст. Ва бадтар аз ҳама ин гуна гузаронидани таътил ҳаммаънои бекориву оворагардӣ мебошад.

Вале бояд дар назар дошт, чуноне ки ҳама буду шуди дунё роҳи заволу наҷот дорад, мушкилии таътилгузаронии мо низ аз ин ҷиҳат истисно нест.

Нахуст доштани нақшаи муайян барои гузаронидани таътил заруру ҳатмист. Зеро нақша доштан ҳаммаънои қадр кардани вақт аст.

Бояд донист, ки ба таътил баромадан маъноеро надорад, ки пурра вақти дар ихтиёр доштаатро ба хоб кардан, истироҳат намудан, гандумдаравӣ рафтан, барои тамошову истироҳат ба лагер шитофтан, ба саёҳат баромадан ва ё корҳои дигаре сарф намоӣ, ки ба ҷуз чанддақиқаина лаззат дигар чизе ба мо дода натавонанд. Балки хуб мешавад, агар корҳоеро ба сомон расонем, ки холигиҳои моро пур карда тавонанд.

Хуб мешавад, агар аввал волидон барои хуб сипарӣ кардани таътил ба фарзандонашон имконотеро муҳайё кунанд, ки худ дар орзуяшон буданд ё ҳадди ақал имкон доштанд.

Маълум аст, ки одамизод тоби гармиву сардии беҳад зиёд надорад ва ба ин маъно ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон ба ӯ кореро фармуд, ки пурра тӯли ду моҳи таътил онро анҷом диҳад. Бисёр хуб мешавад, агар ду моҳи таътилро ба рӯзҳои муайян тақсим кунем ва аз рӯйи тақсимоти муайян рӯзҳои қимматро барои корҳои фоидаовару арзишнок сипарӣ кунем.

Дар ду моҳ бисёр корҳоро анҷом додан мумкин аст, танҳо мақсад хоҳиш ва нақша доштан лозим аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...