Қарзҳои нерӯгоҳи Роғун тариқи аз эътибор соқит донистани пардохти андозҳо кам шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мутобиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки охири моҳи июни соли равон қабул шуд, дастур дода мешавад, ки қарзҳои ҶСК “НБО Роғун” аз андоз, ҷарима ва фоизҳои онҳо назди 22 пудратчиёни асосии дар сохтмони иншооти нерӯгоҳ фаъолиятдошта аз эътибор соқит дониста шавад.

Ба сурати умум дар ҳаҷми беш аз 3,6 млн. сомонӣ (380 ҳазор доллар) қарзҳо аз андоз аз эътибор соқит гардида, дар натиҷаи чунин ҳисоббаробаркунӣ қарзи нерӯгоҳи Роғун ба онҳо ба ҳамин миқдор кам мешавад.

Дастур дода шудааст, ки маблағи мазкур ҳамчун ҳиссаи муассис (ҳукумат) дар сармояи оинномавии ҶСК "НБО Роғун" ба ҳисоб гирифта шавад.

Ба Вазорати молия ва ҶСК “НБО Роғун” супориш дода шудааст, ки бо назардошти имкониятҳои буҷети давлатӣ ҷиҳати маблағгузорӣ намудани қарзҳои боқимондаи нерӯгоҳ назди ташкилотҳои дар иншооти сохтмони неругоҳ фаъолиятдошта чораҳои зарурӣ андешанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият 3 млрд. 560 млн. сомонӣ зиёд шуда, дар ҳаҷми 27 млрд. 760 млн. сомонӣ (наздики 3 млрд. доллар) тасдиқ шуд.

Қобили зикр аст, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли 2018 доир гардид. Чанде қабл ширкати украинии «Днепр-Спецгидроэнергомонтаж» хабар дод, ки гидроагрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун аз 31 майи соли равон ба кор дароварда шуда, дар он озмоишҳо ҷараён доранд.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...