Дар чемпионати ҷаҳон футболбозони тоҷик бо Аргентина, Испания ва Камерун бозӣ мекунанд

Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2019 оид ба футбол байни наврасони то 17-сола (U-17) мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “Е” ҷойгир шуда, дар ин гурӯҳ бо дастаҳои Аргентина, Испания ва Камерун бозӣ мекунад.

Маросими қуръакашӣ рӯзи 11 июл дар қароргоҳи Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) дар шаҳри Сюрихи Швейтсария баргузор шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон

Мувофиқи ҷадвали бозиҳои мусобиқа, футболбозони навраси тоҷик дар давраи аввал санаи 28 октябр бо тими Камерун, дар даври дуюм рӯзи 31 октябр – бо дастаи Испания ва дар даври охирини сеюми гурӯҳӣ рӯзи 3 ноябр – бо дастаи Аргентина бозӣ мекунанд.

Ҳамаи вохӯриҳоии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade»-и шаҳри Кариасикаи Бразилия баргузор мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ 24 даста 4-тогӣ ба 6 гурӯҳ тақсим шуданд. Ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ва 4 дастаи беҳтарини зинаҳои сеюми гурӯҳҳо аз рӯи нишондиҳандаҳо ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд.

Чемпионати ҷаҳон-2019 оид ба футбол байни наврасони то 17-сола (U-17)  аз 26 октябр то 17 ноябри соли равон дар чор шаҳри Бразилия – Кариасика, Гама, Бразилиа ва Гояния доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бори дуюм аст, ки дар мусобиқаи чемпионати сайёра ширкат меварзанд. Дар дар мусобиқаи соли 2007 футболбозони навраси тоҷик ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфта буданд.

Ёдрас мекунем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар Ҷоми Осиё – 2018 мақоми дуюмро соҳиб гардид ва ба Ҷоми ҷаҳон – 2019 роҳхат гирифт.

Натиҷаҳои қуръакашии Чемпионати ҷаҳон-2019 оид ба футбол байни наврасони то 17-сола (U-17):

Гурӯҳи «А»: Бразилия, Канада, Зеландияи Нав, Ангола.

Гурӯҳи «В»: Нигерия, Маҷористон (Венгрия), Эквадор, Австралия.

Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Гаити, Фаронса, Чили.

Гурӯҳи «D»: ИМА, Сенегал, Япония, Голландия.

Гурӯҳи «Е»: Испания, Аргентина, Тоҷикистон, Камерун.

Гурӯҳи «F»: Ҷазираҳои Соломон, Италия, Парагвай, Мексика.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...