Гармидиҳӣ дар Душанбе қимат мешавад. Ба таври назаррас

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тарифҳои нави гармидиҳӣ барои таъминкунандагони он дар пойтахти Тоҷикистон аз 1 сентябри соли равон ба таври назаррас боло мераванд.

Тарифҳои нав ба нерӯи гармӣ бо қарори аз 22 июни соли ҷорӣ қабулкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст.

Мувофиқи ин қарор, арзиши нерӯи гармӣ барои муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” (ШГД), ки аҳолии пойтахтро бо гармӣ таъмин мекунанд, ба андозаи 93,8% боло меравад.

Дар мавсими ояндаи гармидиҳӣ муассисаи ШГД ба истеҳсолкунандагони нерӯи гармӣ (Марказҳои барқу гармидиҳӣ, МБГ) барои ҳар як Ккал 17 сомонӣ маблағ пардохт мекунад. Мавсими соли гузашта ин рақам барои 1 Гкал 8,77 сомониро ташкил медод.

Барои гармидиҳӣ аҳолии шаҳри Душанбе чӣ қадар маблағ пардохт мекунад, алҳол маълум нест. Нархи нерӯи гармӣ барои аҳолиро таъминкунандаи он – Шабакаҳои гармидиҳӣ бояд бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа намуда, сипас Хадамоти мазкур нархи ниҳоии онро муқаррар месозад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта нархи нерӯи гармӣ барои Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе қариб ба андозаи 15% (аз 7,63 сомонӣ то ба 8,77 сомонӣ) боло рафта, лекин ба аҳолӣ бо арзиши пештара (1,03 сомонӣ барои ҳар як метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил) фурӯхта мешуд.

Дар ҳамин ҳол, аз тирамоҳи соли равон арзиши 1 Гкал нерӯи гармӣ барои муассисаҳо ва мақомоти идоракуние, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ маблағгузорӣ  мешаванд, ба андозаи 46,3% : аз 67,44 то ба 98,67 сомонӣ зиёд карда мешавад.

Барои ҳамаи истифодабарандагони боқимонда дар мавсими нави гармидиҳӣ лозим меояд, ки барои нерӯи гармӣ қариб 11 маротиба зиёдтар маблағ пардохт кунанд. Қаблан онҳо барои 1 Гкал ҳамагӣ 2,59 сомонӣ маблағ пардохт мекарданд, акнун аз 1 сентябр ин маблағ – 113,47 сомониро ташкил хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки шабакаи гармидиҳии мутамарказ танҳо дар Душанбе амал карда, дар ҳамин ҳол, танҳо қисмате аз шаҳр бо гармӣ таъмин мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки мавсими гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе ҳамасола нимаи моҳи ноябр оғоз гардида, то нимаи моҳи марти соли минбаъда давом мекунад.

Ба аҳолии пойтахт нерӯи гармӣ аз ҷониби муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” интиқол дода мешавад, ки дар навбати худ онро аз Марказҳои барқу гармидиҳӣ (воҳидҳои тобеъ ба ширкати “Барқи точик”) мехарад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...