IJF 10 мураббии дзюдои точикро як сол бо маош таъмин мекунад

Asia-Plus

Дар қароргоҳи Федератсияи байналмилалии дздо (IJF), воқеъ дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон рӯзи 13 июл миёни Федератсияи байналмилалии дзюдо ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар самти рушди дзюдо дар мактаб шартнома ба имзо расид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, санади мазкурро президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер ва раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов ба имзо расониданд.

Гуфта мешавад, дар асоси санади мазкур, ки дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба тасвиб расид, Федератсияи байналмилалии дзюдо ба 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Данғара, Ваҳдат, Кӯлоб, Истаравшан, ноҳияҳои Кӯшониён, Муъминобод, Ванҷ ва Рӯшон гилеми варзишӣ (татамӣ) ва либосҳои варзишии кӯдакона тақдим хоҳад намуд. Ҳамчунин, ба 10 мураббӣ, ки ба наврасону ҷавонон ин намуди варзишро меомӯзонанд, муддати як сол маош дода хоҳад шуд.

Хотиррасон мешавад, ки маросими мазкур дар ҳошияи баргузории мусобиқаи байналмилии дзюдо – Гран Прии Будапешт-2019 сурат гирифт. Дар ин мусобиқа, ки 12-14 июл баргузор шуд, 4 паҳлавони тоҷик – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.

Зимнан зикр мегардад, ки натиҷаи беҳтарро Комроншоҳ Устопириён нишон дод. Ӯ дар вазни -90кг баъд аз се пирӯзӣ ва ду бохт ҷои ҳафтумро ишғол кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...