Навгонии деринтизор аз ТезСум: интиқоли мустақими маблағ ба корти бонкӣ!

Иттилоияи расмӣ

Ҳамёни мобилии ТезСум, ки замимаи муштараки ширкати Tcell ва Аввалин бонки молиявии хурд мебошад, имконияти комилан нав ва беназирро пешниҳод месозад: ҳамакнун корбарони ҳамён метавонанд аз тамоми гӯшаву канори дунё мустақиман маблағҳои пулиро тавассути кортҳои бонкии ШМП “Корти миллӣ”, ки Аввалин бонки молиявии хурд роҳандозӣ кардааст, дарёфт намоянд! 

Ин вижагӣ тариқи ҳамёни мобилии ТезСум амалӣ мешавад. Раванди дарёфт (гирифтан)-и маблағҳои пулӣ аз кишварҳои дигар осон, зуд ва қулай тавассути ин абзор боз роҳаттар мегардад. Агар Шумо ҳамёни мобилии ТезСум-ро боргирӣ ва насб карда бошед, имконияти дарёфти маблағҳои пулиро аз дилхоҳ гӯшаи дунё тавассути низомҳои интиқоли пул («Юнистрим», «Contact», «Blizko» «Western Union» ва ғайра) ба “Корти миллӣ”-и Аввалин бонки молиявии хурд пайдо менамоед!

Акнун ташрифи Шумо ба бонкҳо ва шӯъбаҳои он дар гузашта монд! Барои гирифтани маблағҳои пулӣ фақат зарур аст, ки корти Аввалин бонки молиявии хурдро бо ҳамёни ТезСум пайваст карда, ному насаб ва маълумот (реквизит)-и бонкиатонро нависед. 

Пас аз интиқоли маблағ ба шумо, дар қисматаи “Интиқоли пул”-и ҳамёни мобилии ТезСум бояд корти Аввалин бонки молиявии хурдро интихоб намуда, рамзи ягонаи интиқолро, ки фиристанда ба шумо эълон доштааст, нишон диҳед. Дар як лаҳза интиқоли маблағ, ки тавассути замимаи ТезСум анҷом ёфтааст, ба ҳисоби корти бонкии шумо мегузарад.

Баъдан, маблағро метавонед ба ҳисоби ҳамёни мобилии ТезСум барои пардохти ҳама гуна пардохтҳо гузаронед ва ё аз банкоматҳои Аввалин бонки молиявии хурд онро ба таври нақд (бо асъори миллӣ ва ё доллар), бе комиссия бигиред. Ҳамчунин, тавассути корти мазкур маблағҳои ғайринақдиро дар ҳама фурӯшгоҳҳои бузурги Тоҷикистон бе комиссия пардохт кардан мумкин аст.

Таҷдид ва такмилсозии барномаи ТезСум идома дорад ва имкониятҳои нави он пешниҳод мешаванд. Дар ояндаи наздик боз чанд функсияи замима роҳандозӣ мегардад.

Ба ТезСум ҳамроҳ шавед: беш аз 150 намуди хизматрасониро дар дилхоҳ гӯшаву канори дунё ва он ҳам бе комиссия тавассути ин замима пардохт кардан мумкин 

ТезСум – интиқоли осони мобилӣ!

___________________

Tcell – ширкати бузурги мухобиротии Тоҷикистон буда, ягона саҳҳоми он Бунёди Оғохон оид ба Рушди иқтисодӣ (AKFED) аст.
ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» тамоми намуди хизматрасониҳои бонкиро тавассути шабакаҳои умумиҷумҳуриявии худ ва оҷонсиҳои пардохти бонкӣ пешниҳод месозад. Саҳмдори асосии бонк Фонди Оғохон оид ба Рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.

AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...