Наҷоти одам ба туфайли занг аз ИМА ба телефони боварии ВКД Тоҷикистон

Asia-Plus

Аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шаҳрванди ҳамин давлат Алихандро нимаи дуюми рӯзи 13 июл тариқи телефони 19365823190 аз Ташкилоти вобаста ба гузаронидани корҳои наҷотдиҳии Америка ба телефони боварии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 221-21-21 занг зада хабар дод, ки 2 нафар сайёҳони хориҷӣ аз ҳудуди Тоҷикистон ба воситаи алоқаи спутникии GPRS пайваст шуда, хабар доданд, ки ба минтақае, ки ба арз (ширина) 37.574028 ва тӯл (долгата) 71.771222 рост меояд, шаҳрванди тоҷикистонӣ ба ҳодисаи фавқулодда дучор шуда, ба кӯмак ниёз дорад ва хоҳиш намуданд, ки ба шаҳрванди корафтода кӯмак расонида шавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, оид ба ҳолати кор таъҷилан аз ҷониби масъулони телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ба мутасаддиёни шабонарӯзии Раёсати қушунҳои дохилии ВКД, Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт хабар дода шуд, то ки ба корафтода кӯмак расонида шавад.

“Дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби муовини Фармондеҳи Раёсати қушунҳои дохилии ВКД полковник Раҳмонзода Рустам мавҷи гуфтаи алоқаи спутникии GPRS ШМА аз ноҳияи Ванҷ маълум карда шуда, ба ҷойи ҳодиса кормандони фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд”, – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, маълум карда шуд, ки дар ноҳияи Ванҷ миёни деҳаҳои Ширговад ва Дуршед, наздикии дарёи Ванҷоб  ронандаи автомашинаи тамғаи «Шамси», рақами қайди давлатиаш 139 ХВ 03, ядак 1017 АА 03, Юнусов Файзулло Абдулҳақович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст.

“Ҳолати мазкурро 2 нафар сайёҳи хориҷӣ, шаҳрвандони Голандия Курч Крайкер ва Камир Бурчуш мушоҳида намуда, ба ронандаи автомашинаи мазкур кӯмаки аввалиндараҷа расонида, ба воситаи мавҷи спутникии GPRS ба ИМА  барои кӯмак хабар додаанд”, – қайд мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия ба ронанда Юнусов Ф.А. кӯмак расонида, ӯро ба беморхонаи ноҳияи Ванҷ дастрас намудаанд, ки номбурда айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад.

Баъдан худи ҳамон рӯз соати 16:00-дақиқа, шаҳрванди ИМА Алихандро такроран ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ба тамос баромада, оид ба ҳолати кор маълумот гирифтааст.

Зикр мегардад, ки дар ин робита роҳбарияти ВКД Тоҷикистон ба Алихандро ва шаҳрвандони Голандия Курч Крайкер ва Камир Бурчуш барои ҳамкорӣ ва расонидани кӯмаки аввалиндараҷа ба ронандаи автомашинаи мазкур изҳори миннатдорӣ менамояд.

Зикр мегардад, ки ин ҳолат далели зиёд гардидани боварӣ ва эътимоди ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ буда, онҳо дар симои кормандони милитсия ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, амнияти ҷамъиятӣ ва садоқат ба халқу Ватанро мебинанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.