Дастури афзоиши ҳаҷми истихроҷи тилло ба корхонаи “Пакрут”

Бо мақсади боздид аз раванди фаъолияти истеҳсолии корхонаи  ҶДММ «Пакрут» Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода ва муовини якуми вазир Шарифӣ Бахтиёр Маҳмуд  ба корхонаи мазкур ташриф оварданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар рафти шиносоӣ бо корҳо аз минтақаҳои кории корхона, аз ҷумла аз кони маъдани Пакрут, фабрикаи бойгардонӣ, полоишгоҳи Луфиғар, […]

Бо мақсади боздид аз раванди фаъолияти истеҳсолии корхонаи  ҶДММ «Пакрут» Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода ва муовини якуми вазир Шарифӣ Бахтиёр Маҳмуд  ба корхонаи мазкур ташриф оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар рафти шиносоӣ бо корҳо аз минтақаҳои кории корхона, аз ҷумла аз кони маъдани Пакрут, фабрикаи бойгардонӣ, полоишгоҳи Луфиғар, сехи пуркунандаи фазои коркардшудаи кони маъдан, бошишгоҳи кории Пакрут ва заводи гидрометаллургии Ваҳдат боздид шуд.

Гуфта мешавад, ҳангоми шиносоӣ бо рафти корҳо дар истеҳсолот вазир ба камбудиву норасоиҳои мавҷуда ишора намуда, ҷиҳати бартарафсозии он ба Чжан Ган менеҷери генералии корхонаи “Пакрут” дастуру супоришҳо дода, пас аз боздиди минтақаҳои корӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони муҳандисӣ – техникии корхона машварати корӣ баргузор гардид.

Қайд гардид, ки роҳбарияти корхона пеш аз ҳама корҳои истеҳсолиро танҳо дар асоси лоиҳаҳои тасдиқгардида ва тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, воридоти технологияҳои нав, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва хусусан гузоштани саҳм дар раванди расидан ба ҳадафи 4-уми миллӣ, яъне “Саноатикунонии босуръати кишвар” чораҳои судманд ва саривақтӣ андешанд.

Ҳамзамон аз ҷониби Заробиддин Файзуллозода масъалаи  бо забони давлатии тоҷикӣ, русӣ ва хитоӣ  ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва лоиҳаҳои кории корхона мавриди таъкид сурат гирифта, ба масъалаҳои иҷтимоии кормандон, риояи техникаҳои бехатарӣ, риояи одоби меҳнат ва муносибати дурусту якдигарфаҳмии байни кормандон, инчунин пешгирии ҳолатҳои садамавӣ диққати махсус дода, барои риояи онҳо ба масъулини корхона супоришҳои мушаххас дода шуд.

Зикр мегардад, ки инчунин ба роҳбарияти корхона барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва аз 660 ҳазор тонна ба 1 млн. 320 ҳазор тонна  дар як сол расонидани коркарди маъдан дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қобили зикр аст, ки бастаи пурраи саҳмияҳои ҶДММ “Пакрут” аз соли 2014 ба корпоратсияи China Nonferrous Metal International Mining Co., Ltd.-и Чин тааллуқ дорад.

Доир ба истеҳсоли сиккаҳои нахустини тилло аз маъдани истихроҷшуда дар кони “Пакрут” корпоратсияи чинӣ аввали соли 2017 хабар дода, аввалин намунаҳои тиллои покшуда тирамоҳи соли 2015 ба даст оварда шуда буд, ки бо мақсади озмоиши таҷҳизот сурат гирифта буд.

Соли 2017 кони тиллои “Пакрут” аз тармафароӣ зарар дида, ба дастгоҳу таҷҳизоти корхона зиёни назаррас расид, ки ба боздошти фаъолияти он боис гардид.

Ҷараёни истеҳсолот дар коргоҳи ғанисозӣ танҳо семоҳаи дуюми соли гузашта барқарор шуда, 1 июл корхонаи маъдангудозӣ сиккаҳои тилло исеҳсол намуд.

Соли сипаришуда корпоратсияи CNG изҳор намуд, ки барои беҳбуди коркарди кон иловагӣ 70 млн. доллар маблағгузорӣ кардааст. То ин дам ширкат барои коркарди кон беш аз 180 млн. доллар сармоягузорӣ равона карда буд.

Муҳлати иҷозатномаи гирифтаи CNG ба коркарди кони “Пакрут” соли 2030 ба итмом мерасад. То он замон ширкати Чин ният дорад, ки аз ин кон 857 ҳазор унсия (воҳиди вазн, ки ба 29,86 гр. баробар аст) тилло ва 123 ҳазор унсия нуқра ба даст орад.

Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.