Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар финали мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019»

Дар даври сеюми мусобиқаи байнулмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 0 бар 1 аз дастаи Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрда, лекин бо касби 6 имтиёз ба даври финалии мусобиқа роҳ ёфт. Рақиби футболбозони тоҷик дар бозии финалии мусобиқа имрӯз, 16 июл аз рӯи натиҷаи бозӣ байни дастаи мизбон […]

Дар даври сеюми мусобиқаи байнулмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 0 бар 1 аз дастаи Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрда, лекин бо касби 6 имтиёз ба даври финалии мусобиқа роҳ ёфт.

Рақиби футболбозони тоҷик дар бозии финалии мусобиқа имрӯз, 16 июл аз рӯи натиҷаи бозӣ байни дастаи мизбон – Ҳиндустон ва Сурия муайян мешавад, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар сурати ғалабаи дастаи Сурия мунтахаби Тоҷикистон бо ин даста ва дар сурати бохти Сурия дар ин бозӣ ё натиҷаи мусовӣ, футболбозони тоҷик дар вохӯрии финалӣ бо тими Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар ду бозии даври гурӯҳии мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» футболбозони тоҷик мунтахабҳои Ҳиндустонро бо ҳисоби 4 бар 2 ва Сурияро бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дода буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.