Сӯхтор дар маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд

Дар маркази шаҳри Хуҷанд тахминан соатҳои панҷи бегоҳ дар дохили бурҷи 58-метраи 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, ки соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд сохта шуд, сӯхтор сар зад. “Сӯхтор дар наздикии майдони тамошо дар қаҳвахона сар зад, якчанд кондитсионер, амволи қаҳвахона, яхдонҳо ба коми оташ фурӯ рафтанд, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд. […]

Дар маркази шаҳри Хуҷанд тахминан соатҳои панҷи бегоҳ дар дохили бурҷи 58-метраи 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, ки соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд сохта шуд, сӯхтор сар зад.

“Сӯхтор дар наздикии майдони тамошо дар қаҳвахона сар зад, якчанд кондитсионер, амволи қаҳвахона, яхдонҳо ба коми оташ фурӯ рафтанд, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз сӯхтор одамон ва Осорхонаи 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, ки дар қисмати поёнии иншоот ҷойгир аст, осеб надидаанд.

Тибқи маълумоти пешакии хадамоти оташнишонии шаҳри Хуҷанд, сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар шабакаҳои барқи маҷмаа буда метавонад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли 2016 бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” мавриди истифода қарор гирифт. Имрӯз ин маҷмаа, ки бо номи “Стелла” миёни мардум маъруф аст, ба макони дӯстдоштаи истироҳату сайругашти сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд табдил ёфтааст.

Баландии муҷассама 58 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шудааст ва дорои лифтҳои махсус мебошад.

Масоҳати умумии маҷмаа 1 ҳазору 127 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи он толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки дар он харитаи Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҷойгир карда шудааст. Гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои ба толори намоишӣ пайвастани сокинон пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.