Даъвати Рустами Эмомалӣ ба дастгирии соҳибкорони ватанӣ

Дар Душанбе рӯзи 15 июл иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир гардида, дар он ҳисоботи муовини раиси пойтхт дар бораи рушди соҳаи саноат шунида шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, аз ҷумла дар бораи таъсиси корхонаҳо ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ сухан рафт. “Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулин ва ниҳодҳои дахлдорро ба […]

Дар Душанбе рӯзи 15 июл иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир гардида, дар он ҳисоботи муовини раиси пойтхт дар бораи рушди соҳаи саноат шунида шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, аз ҷумла дар бораи таъсиси корхонаҳо ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ сухан рафт.

“Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулин ва ниҳодҳои дахлдорро ба масъалаи ба кор андохтани корхонаҳои хусусигардонидашуда ва аз фаъолият бозмонда инчунин пешгирии ҳолатҳои барҳамхӯрии корхонаҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва рақобатпазир бо роҳи таъсиси хатҳои нави истеҳсолӣ ҷалб намуда, таъкид кард, ки барои ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҳарчӣ зудтар оғоз намудани корҳои сохтмонии корхонаҳои истеҳсолии банақшагирифташуда  тадбирҳои заруриро ба роҳ монанд”, – омадааст дар маълумот.

Раиси пойтаът таъкид дошт, ки бобати вусъати корҳои сохтмонӣ дар бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии саноатӣ, пайваст намудани бинову иншоот бо хаттҳои гармидиҳӣ, беҳтар намудани сифати таъмини биноҳои бисёрошёна бо об чораҳои бетаъхир андешида шавад.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин аз афзоиши ҳодисаҳои даст ба қонуншиканӣ задани ноболиғон ва ҷавонон ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон нигаронӣ изҳор намуда, ба сохторҳои марбута ва шахсони масъул дастур дод, ки ин масъалаҳоро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, барои бартараф кардани камбуду норасоиҳо дар ин самтҳо тадбирҳои зарурӣ рӯйи кор гиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.