Даргузашти журналист Турко Дикаев шаби гузашта дар Кӯлоб

Шаби гузашта ҳамкори мо, собиқ хабарнигори “Азия-Плюс”, журналисти маъруфи тоҷик Турко Дикаев дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт. Бино ба гуфтаи наздикони марҳум, се рӯзи охир ӯ аз дарди дил ранҷу азият кашида, бистарӣ будааст. Муддати тӯлонӣ ӯ ба ҳайси хабарнигор дар нашрияҳои гуногуни минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла дар "Азия-Плюс” низ фаъолият дошт. Баъди ба […]

Шаби гузашта ҳамкори мо, собиқ хабарнигори “Азия-Плюс”, журналисти маъруфи тоҷик Турко Дикаев дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт.

Бино ба гуфтаи наздикони марҳум, се рӯзи охир ӯ аз дарди дил ранҷу азият кашида, бистарӣ будааст.

Муддати тӯлонӣ ӯ ба ҳайси хабарнигор дар нашрияҳои гуногуни минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла дар "Азия-Плюс” низ фаъолият дошт. Баъди ба нафақа баромадан ба кори суратгирӣ ва журналистикаи озод машғул шуд.

Ба қавли ҳамкорони рӯзноманигор, саҳми Турко Дикаев дар тарбияи насли нави журналистони минтақаи Кӯлоб хеле арзанда буда, бисёре аз шогирдони ӯ имрӯз дар расонаҳои бузургу маъруфи ҷумҳурӣ кор мекунанд.

Ҳамкорон ва шогирдони Дикаев бахусус воқеъбинӣ ва поквиҷдонии журналистро қайд мекунанд.

Сари забони ӯ ҳамеша чунин гуфтаҳо давр мезад: “Журналист дӯст надорад ва ин андешаи шахсии ман нест. Ҳаёт водор месозад, ки бо ҳама фосилае доштан зарур аст. Вагарна ҳусни таваҷҷуҳ ба инъикоси ғайривоқеӣ оварда мерасонад”.

Соли 2015 Турко Дикаев аз ҷониби САҲА журналисти беҳтари сол дониста шуд. Чандин маротиба журналисти соли шаҳри Кӯлоб эътироф гардидааст.

“Вақте дар ҳама рӯйдодҳои бо ташаббуси ҳукумат ташкилшуда ё дар ҳаводиси гуногун ҳузур дорӣ, хоҳ нохоҳ дар бораи фаврият ва ҳама ҷо ҳозир будани журналист таассуроте ҳосил мешавад, – мегуфт ӯ. – Танҳо хабарнавис метавонад ҳатто бо “қаҳрамони интернет” – роҳбари Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров, ки барои ВАО дастнорас аст, осонакак вохӯрӣ барпо намояд”.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба пайвандону наздикони марҳум тассалияти амиқ изҳор намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.