Вазорати энергетика: Бозсозии сохтори “Барқи тоҷик” то ҳол анҷом наёфтааст

Ҷараёни тақсими сохтори “Барқи тоҷик” ба се ширкати мустақил дар доираи нақшаи инфиродии азнавташкилдиҳии энергохолдинг идома дорад. “Бозсозии сохтори “Барқи тоҷик” алҳол пурра анҷом наёфтааст”, – хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 15 июл дар Душанбе муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода. Муовини вазир қайд кард, ки айни замон марҳилаи сеюми ниҳоии […]

Ҷараёни тақсими сохтори “Барқи тоҷик” ба се ширкати мустақил дар доираи нақшаи инфиродии азнавташкилдиҳии энергохолдинг идома дорад.

“Бозсозии сохтори “Барқи тоҷик” алҳол пурра анҷом наёфтааст”, – хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 15 июл дар Душанбе муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода.

Муовини вазир қайд кард, ки айни замон марҳилаи сеюми ниҳоии азнавташкилдиҳии сохтори ширкат ҷараён дошта, яке аз самтҳои асосӣ дар ин марҳила роҳандозии фаъолияти дурусти ду корхонаи нави таъсисёфта дар заминаи ширкати “Барқи тоҷик” мебошад.

“Айни замон ин корхонаҳо алҳол зери назорати ширкати “Барқи тоҷик” қарор доранд”, – иброз дошт Шомизода.

Ҳадафи асосии бозсозии ширкати “Барқи точик”-ро ӯ “роҳандозии шаффофият дар низом” унвон кард.

“Яъне ҳудудҳо муайян шуда, бо роҳандозии шаффофият кори низом бояд рӯ ба беҳбудӣ орад”, – қайд кард муовини вазир.

Номбурда илова намуд, ки дар мавриди хусусигардонии корхонаҳои таъсисёфта алҳол ҳеҷ тасмиме гирифта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуд. Анҷоми пурраи ин ҷараён охири соли 2018 пешбинӣ гардида буд. Дар доираи бозсозии сохтор “Барқи тоҷик” ба се ширкати ҷудогонаи мустақил – Шабакаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ тақсим мешавад.

Охири моҳи июни соли равон ба қарори ҳукумат ду ҷамъияти саҳҳомии таъсисёфта дар заминаи “Барқи тоҷик” – Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» тасдиқ карда шуданд.

Дар қарори зикршуда ба Вазорати энергетика, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва ширкати “Барқи тоҷик” дастур дода шудааст, ки оид ба ҳалли масъалаҳои тадорукотӣ ва ҳуқуқии ин ду ширкати нави таъсисёфта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.