Аз фурӯши барқ ба ҳамсоякишварҳо Тоҷикистон 25 млн. доллар даромад ба даст овард

Ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон нимаи аввали соли равон 1 млрд. 257,4 млн. кВт/соатро ташкил дод, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 15 июл дар Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода. Дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 940 млн. кВт/соат сурат […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон нимаи аввали соли равон 1 млрд. 257,4 млн. кВт/соатро ташкил дод, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 15 июл дар Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода.

Дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 940 млн. кВт/соат сурат гирифта буд.

Вазир қайд кард, ки имсол аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя 230 млн. сомонӣ (наздики 25 млн. доллар) даромад ба даст оварда шуд.

Бино ба гуфтаи вазир, аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи содиротшуда дар нимаи аввали соли ҷорӣ 2,8 млн. кВт/соаташ ба ширкати Pamir Energy рост меояд, ки ба идоракунии низоми энергетикии ВМКБ машғул аст. Боқимонда 1 млрд. 254,6 млн. кВт/соат нерӯи барқ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Барқи Тоҷикистон асосан ба Ӯзбекистону Афғонистон ва дар ҳаҷми начандон зиёд ба Қирғизистон низ интиқол меёбад.

Тибқи созишҳои қаблан ҳосилшуда, Тоҷикистон имсол ба хориҷи кишвар беш аз 3,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот мекунад.

Ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон нимаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 10,1 млрд. кВт/соатро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта – 6,5% зиёдтар аст.

Истеъмолгарони нерӯи барқ 1 млрд. 276 млн. сомонӣ (135 млн. доллар) маблағи истифодаи онро пардохт кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.