Wi-Fi-и бепули Мегафон Тоҷикистон дар Кӯли ҷавонон

Дар Кӯли ҷавонони шаҳри Душанбе минтақаи дастрасии озод ба интернети ширкати “Мегафон Тоҷикистон” ба кор шурӯъ намуд. Кӯли ҷавонон сеюмин боғи пойтахт мебошад, ки Мегафон Тоҷикистон дар онҳо минтақаи Wi-Fi барои дастрасии бепули мобилиро ба ҳама гуна захираҳои интернетӣ роҳандозӣ намуд. Қаблан ин иқдом дар дигар боғҳои писандидаи душанбегиҳо – ба номи Садриддин Айнӣ ва […]

Дар Кӯли ҷавонони шаҳри Душанбе минтақаи дастрасии озод ба интернети ширкати “Мегафон Тоҷикистон” ба кор шурӯъ намуд.

Кӯли ҷавонон сеюмин боғи пойтахт мебошад, ки Мегафон Тоҷикистон дар онҳо минтақаи Wi-Fi барои дастрасии бепули мобилиро ба ҳама гуна захираҳои интернетӣ роҳандозӣ намуд. Қаблан ин иқдом дар дигар боғҳои писандидаи душанбегиҳо – ба номи Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониш амалӣ шуда, роҳандозии чунин низом боз дар ду боғи дигар пешбинӣ шудааст.

“Тобистон ба нақшаҳои мо тағйирот ворид мекунад. Рӯзҳои гарми моҳи июл хеле зиёд сокинону меҳмонони Душанбе лаби кӯлро макони истироҳату дамгирӣ интихоб мекунанд ва мо тасмим гирифтем, ки маҳз дар ҳамин ҷо минтақаи нави Wi-Fi-ро роҳандозӣ намоем. Акнун вақтро дар боғ метавон бароҳату муфид гузаронид, масалан санҷидани почтаи корӣ тариқи смартфон ё тамошои филм тавассути замимаи “Арбуз ТВ”, – мегӯяд директори раёсати минтақавии “Мегафон Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ Парвиз ДАВЛАТОВ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.