Интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон зиёд мешавад

Аз оғози соли равон истеъмолгарони Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми наздики 70 млн. метри мукааб гази табиӣ гирифтанд, хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 15 июл дар Душанбе муовини аввали роҳбари ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода. Ӯ қайд кард, ки давоми соли гузашта, вақте ки моҳи апрел интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон барқарор шуд, 54 млн. […]

Аз оғози соли равон истеъмолгарони Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми наздики 70 млн. метри мукааб гази табиӣ гирифтанд, хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 15 июл дар Душанбе муовини аввали роҳбари ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода.

Ӯ қайд кард, ки давоми соли гузашта, вақте ки моҳи апрел интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон барқарор шуд, 54 млн. метри мукааб газ ворид шуд.

Ба гуфтаи Шоимзода, истеъмолгаргони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон айни замон асосан корхонаҳои саноатӣ мебошанд.

“Тӯли беш аз шаш сол интиқоли газ боздошта шуда буд, аз ин рӯ, моро лозим аст, ки дар самти барқарор намудани зербино дар дохили кишвар корҳои зиёдеро анҷом дода, давра ба давра интиқоли онро зиёд кунем”, – илова намуд номбурда.

Пас аз аз таваққуфи шашсола аввали моҳи апрели соли гузашта интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дубора аз сар гирифта шуд.

Истифодабарандаи асосии гази табиӣ аз Ӯзбекистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) мебошад, ки наздики 80% аз ҳаҷми умумии воридот ба он рост меояд.

Ҳамчунин ба ҷуз истеъмолгарони пойтахт, аз гази Ӯзбекистон баъзе корхонаҳои начандон бузурги воқеъ дар наздикии роҳи марказӣ дар ғарби Душанбе – дар Ҳисору Турсунзода низ истифода мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.