Прокурори генералӣ: “Зимни интиқол 14 маҳбус бешубҳа заҳролуд шуда буданд”

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз ба журналистон хабар дод, ки 14 маҳбусе, ки зимни интиқол аз Хуҷанду Истаравшан ба Душанбе ҳалок шуданд, бешубҳа заҳролуд шуда буданд. Лекин, ба гуфтаи ӯ, ба коршиносон ҳоло муяссар нашудааст, аз чӣ – нон ё чизи дигар заҳролуд шудани онҳоро ошкор намоянд. “Бо масъулият изҳор мекунам, ки ҳеҷ кадоме […]

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз ба журналистон хабар дод, ки 14 маҳбусе, ки зимни интиқол аз Хуҷанду Истаравшан ба Душанбе ҳалок шуданд, бешубҳа заҳролуд шуда буданд.

Лекин, ба гуфтаи ӯ, ба коршиносон ҳоло муяссар нашудааст, аз чӣ – нон ё чизи дигар заҳролуд шудани онҳоро ошкор намоянд.

“Бо масъулият изҳор мекунам, ки ҳеҷ кадоме аз маҳбусон аз лату кӯб ҳалок нашудааст, дар онҳо осори захму ҷароҳат ва зӯроварӣ вуҷуд надошт”, – гуфт прокурори генералӣ.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки қаблан дар зиндонҳои шаҳрҳои Кӯлобу Хоруғ низ далелҳои заҳролудшаии маҳбусон аз хӯрок ба қайд гирифта шудааст, “лекин дар ин ҳодисаҳо касе ба ҳалокат нарасида буд”.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, санаи 7 июл 128 нафар маҳбусон, ки 8 нафарашон занонанд, дар се автомашинаи махсус аз Хуҷанду Истаравшан ба муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Душанбеву Норак ва ноҳияи Ёвон интиқол дода шуданд.

Дар мавзеи Майхўраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Дар натиҷа пас аз истеъмоли он 16 нафар маҳбусон заҳролуд шуда, 14 нафарашон фавтиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.