Маъмурият: воридшавӣ ба боғҳои пойтахт баъди навсозӣ пулакӣ аст

Пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ дар Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Фирдавсӣ, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, даромадан ба он пулакӣ шуд. Барои ворид шудан ба боғи мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷии синни аз 14 то 70-сола 2 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд. Воридшавӣ ба кӯдакони синни то 7-сола ва шахсони синни аз 70-сола […]

Пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ дар Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Фирдавсӣ, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, даромадан ба он пулакӣ шуд.

Барои ворид шудан ба боғи мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷии синни аз 14 то 70-сола 2 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд.

Воридшавӣ ба кӯдакони синни то 7-сола ва шахсони синни аз 70-сола боло бепул аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маъмурияти Боғи ба номи Фирдавсӣ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, воридшавӣ ба бог барои ятимон, маъюбон, сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ бепул аст.

“Аттраксионҳо ба иҷора дода шуда, моликони онҳо дар мувофиқа бо маъмурияти боғ нархҳои худро мегузоранд, ки тез-тез вобаста ба талабот, болову поин мераванд”, – иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон ба ҳисоби миёна 2,5 ҳазор нафар сокинону меҳмонони пйтахт ба тамошои боғ меоянд ва дар рӯзҳои истироҳат ин рақам ду баробар меафзояд.

Аз моҳи ноябри соли 2017 барои ворид шудани ба боғи таъмиру навсозишудаи ба номи Садриддин Айнӣ низ чунин тартибот ҷорӣ шудааст.

Ҳамчунин лозим ба ёдоварист, ки пас аз моҳи сентябри соли 2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангу фароғати ба номи Хайём (қаблан боғи Пойтахт) воридшавӣ ба он низ пулакӣ шуд. Дар он ҷо низ тамошобинон барои даромадан ба боғ 2 сомонӣ маблағ пардохт намуда, истифода аз ҳар як аттраксион нархи худро дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.