Юсуф Раҳмон: Ёров, Ҳайит ва Саидов озод шуда наметавонанд

Тоҷикистон тоҷир Зайд Саидов, адвокат Бузургмеҳр Ёров ва узви Шӯрои сиёсии Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломӣ Маҳмадалии Ҳайитро аз адои ҷазо озод карда наметавонад, зеро аз ҷониби суд исбот шудааст, ки онҳо ҷиноятҳои вазнин ва ниҳоят вазнин содир кардаанд, изҳор дошт имрӯз ба журналистон прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон. “Ман ба сифати роҳбари […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тоҷикистон тоҷир Зайд Саидов, адвокат Бузургмеҳр Ёров ва узви Шӯрои сиёсии Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломӣ Маҳмадалии Ҳайитро аз адои ҷазо озод карда наметавонад, зеро аз ҷониби суд исбот шудааст, ки онҳо ҷиноятҳои вазнин ва ниҳоят вазнин содир кардаанд, изҳор дошт имрӯз ба журналистон прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон.

“Ман ба сифати роҳбари ҳайати кишвар дар иҷлосияи рӯзи 3 июли Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Женева исрор варзидам, ки дар парвандаҳои онҳо сиёсат умуман вуҷуд надорад”, – қайд кард Юсуф Раҳмон.

Прокурори генералӣ дар идома изҳор намуд, ки дар иҷлосияи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ӯ ба беш аз 100 савол посух дода, зикр кардааст, ки шахсоне, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир кардаанд, на ба воситаи тавсия аз берун, балки бо қонунҳои Тоҷикистон маҳкум мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.