Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабабҳои болоравии тарифҳоро ба нерӯи барқ шарҳ дод

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон болоравии тарифҳо ба нерӯи барқро ба беҳбуду ба субот овардани вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” нисбат доданд.

“Вазъи молии “Барқи тоҷик” беҳбудиро тақозо мекунад. Тарифҳои нерӯи барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳо, ки айни замон амал мекунанд, хароҷоти ширкатро рӯйпӯш карда наметавонанд, яъне тарифҳои ҳозир амалкунанда аз арзиши аслии нерӯи барқи истеҳсолшуда пасттар аст”, – хабар дод имрӯз ба журналистон Назар Одиназода, муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон.

“Воситаҳое, ки баҳри дастгирии ширкати “Барқи тоҷик” аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ ҷудо шуданд, бояд на аз ҳисоби буҷети давлатӣ, балки аз ҳисоби истеъмолгарон рӯйпӯш шаванд”, – изҳор дошт номбурда.

Бино ба гуфтаи ӯ, ин кор бо назардошти пешниҳоди “Барқи тоҷик” ва Вазорати энергетика ва захираҳои об ба ҳукумати кишвар амалӣ шуд.

“Бо назардошти хулоса ва пешниҳодҳои комиссияи байниидоравӣ оид ба дастгирии ширкати “Барқи тоҷик”, Хадамоти зиддиинҳисорӣ лоиҳаи дахлдор таҳия намуд. Тарифҳои нав мутобиқи ҳамин лоиҳа муқаррар карда шуданд”, – гуфт Одиназода.

Журналистон ба мансабдор дар бораи сабаби дар сатҳи пешина – каме бештар аз 7 дирам боқӣ мондани тарифҳои нерӯи барқ барои Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) савол доданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки барои аҳолӣ он чандин маротиба боло бурда шуд.

“Ин сиёсати давлат аст. Доир ба фаъолияти ин корхона барномаи махсуси ҳукумат амал мекунад ва тарифҳо мувофиқи ҳамин барнома муқаррар карда мешаванд”, – посух дод муовини роҳбари Хадамот.

Мувофиқи қарори санаи 22 июни соли равон қабулкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ, аҳолии Тоҷикистон аз рӯзи аввали тирамоҳ барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷойи тарифи амалкунанда дар ҳаҷми 19,37 дирам 22,66 дирам (бо назардошти ААИ) маблағ пардохт мекунад.

Тарифҳои нерӯи барқ аз 1 сентябр барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон (ба ҷуз Ширкати алюминии точик) боло мераванд.

Тарифҳо барои истифодабарандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон – КВД “Ширкати алюминии тоҷик” айни замон чунинанд: аз 1 май то 30 сентябр – 7,20 дирам барои як киловатт ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) – 11,80 дирам.

Қобили зикр аст, ки тарифҳои нерӯи барқ дар Тоҷикистон ахиран аз 1 ноябри соли 2018 боло рафта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...