Дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон ҳиссаи Tcell афзуда, аз “Мегафон” ва “Билайн” кам мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Наздики 40%-и бозори алоқаи Тоҷикистонро ширкати “Индиго Тоҷикистон” ишғол мекунад, ки хизматгузориҳояшро дар ҷумҳурӣ зери тамғаи Tcell пешниҳод мекунад.

Мавқеи афзалиятнокро дар бозори алоқаи мобилӣ айни замон чор ширкати зерин ишғол мекунанд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile собиқ Beeline), хабар медиҳад Хадамоти зиддиинҳисориии назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар бозори алоқаи мобилӣ бо стандарти GSM 900/1800ЗАО ҳиссаи ширкати “Индиго Тоҷикистон” – 39,83%, «ТТ-Мобайл» – 24,12%, «Вавилон Мобайл» – 21,64%, «Таком» – 14,42%-ро ташкил медиҳад.

Дар бозори пешниҳоди хизматрасониҳои интернети мобилӣ бошад, ҳиссаи «Индиго Тоҷикистон» – ба 37,90%, «ТТ-Мобайл» – 26,61%, «Вавилон Мобайл» – 23,20% ва ҶДММ «Таком» – ба 12,29% баробар аст.

Қобили зикр аст, ки ду сол пеш ба ҳиссаи Tcell наздики сеяки бозори алоқаи ҷумҳурӣ рост омада, ҳиссаи умумии “Мегафон” ва “Билайн” наздики 45%-ро ташкил медод. Айни замон ҳиссаи умумии ин ду ширкат дар бозор ба каме бештар аз 38% баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 июни соли 2019 оператори алоқаи мобилии ҶДММ “Таком”, ки дар қаламрави Тоҷикистон зери тамғаи Beeline хизматгузорӣ пешниҳод мекунад, ребрендинг эълом дошт: шакли фирмавӣ, ном ва логотип комилан тағйир дода шуд. Акнун ҶДММ “Таком” таҳти тамғаи молии «ZET-MOBILE» хизматгузорӣ пешниҳод мекунад.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ, шумори муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон   айни замон зиёда аз 6,4 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки беш аз 4,8 млн. нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Шумори корбарони шабакаи интернет якҷоя бо интернети мобилӣ 2,9 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...