Нерӯи гармӣ барои душанбегиҳо қариб 15% қимат мешавад

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Арзиши нерӯи гармӣ барои аҳолии шаҳри Душанбе ба андозаи қариб 15% боло меравад, хабар дода шуд зимни нишасти хабарии санаи 17 июл дар Хадамоти зиддиинҳисории кишвар.

Дар Хадамот қайд карданд, ки тарифҳои нави нерӯи гармӣ барои аҳолӣ алҳол тасдиқ нашудааст, лекин таъкид доштанд, ки болоравии нарх начандон назаррас хоҳад буд.

Тарифи амалкунанда ба нерӯи гармӣ соли 2014 тасдиқ шуда, 1,03 сомониро барои ҳар як метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил ташкил медиҳад.

“Агар тарифи нав тасдиқ шавад, арзиши нерӯи гармӣ барои аҳолӣ 1,18 сомониро ташкил хоҳад дод. Масалан, агар соли гузашта соҳибони манзилҳои чорҳуҷра барои нерӯи гармӣ дар як моҳ 53-54 сомонӣ маблағ пардохт мекарданд, баъди тасдиқи тарифҳои нав тақрибан 60 сомонӣ пардохт мекунанд, ки ин болоравии начандон назаррас аст”, – изҳор дошт сардори Раёсати танзими монополияҳои табиӣ Азиззода.

Ӯ қайд кард, ки маблағи истеҳсоли 1 Гкал нерӯи гармӣ дар Марказҳои барқу гармидиҳӣ қариб ба 300 сомонӣ баробар аст, яъне нархҳо бо назардошти кумакпулиҳо ҳисоб шудааст.

“Таъмини аҳолӣ бо нерӯи гармӣ нерӯи барқро сарфа карда, сарбориро ба шабакаҳои барқ кам мекунад. Оянда тамоми қаламрави пойтахт ва ҳамчунин дигар шаҳру ноҳияҳоро бо нерӯи гармӣ таъмин кардан лозим аст. Аз ин рӯ, барои дастрас будан мо начандон зиёд нархашро боло мебардорем”, – қайд кард Икромиддин Вализода, роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта нархи нерӯи гармӣ барои Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе қариб ба андозаи 15% (аз 7,63 сомонӣ то ба 8,77 сомонӣ) боло рафта, лекин ба аҳолӣ бо арзиши пештара – 1,03 сомонӣ барои ҳар як метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил фурӯхта мешуд.

Имсол бошад, арзиши нерӯи гармӣ барои муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” (ШГД) ба андозаи 93,8% боло меравад. Дар мавсими ояндаи гармидиҳӣ муассисаи ШГД ба истеҳсолкунандагони нерӯи гармӣ (Марказҳои барқу гармидиҳӣ) барои ҳар як Гкал 17 сомонӣ маблағ пардохт мекунад. Мавсими соли гузашта ин рақам барои 1 Гкал 8,77 сомониро ташкил медод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...