Медали нуқраи Саидҷалол Саидов дар мусобиқаи дзюдо дар Қазоқистон

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Актауи Қазоқистон варзишгари тоҷик Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило ба дарёфти медали нуқра ноил гардид.

Дар ин мусобиқа 175 нафар варзишгарон аз Озарбойҷон, Гонконг, Эрон, Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Испания, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Саидҷалол аз марҳилаи 1/8 финалӣ ба рақобат пардохта, то даври финалӣ бар ҳарифонаш аз Ӯзбекистону Қазоқистон – Чингизхон Шокиров ва Динаҳмед Руссимбек дастболо шуд. Дар даври нифиналӣ бар варзишгар аз Русия Иброҳим Маргиев ғолиб омада, дар қувваозмоии финалӣ аз қазоқистонӣ Виктор Демяненко шикаст хӯрд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта Саидҷалол Саидов дар ҳамин мусобиқа ғолибият ба даст оварда буд.

Дар ин мусобиқаи байнулмлалӣ мунтахаби Тоҷикистонрго 8 нафар дзюдочиён намояндагӣ карданд.

Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо бахшида ба гиромидошти хотираи Турар Жолдибоев мусобиқаест, ки дар он варзишгарон имтиёзҳо мегиранд. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа имтиёзҳои рейтингӣ гирифтанд. Барои медали нуқра Саидҷалол дар рейтинги байнулмолалӣ 60 имтиёз гирифт, ки ба ӯ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио кумак мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.