БМТ: Ба муфлис эълон шудани “Тоҷиксодиротбонк” ва “Амонатбонк” манфиатдор нестем

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) умедвор аст, ки ба “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” баҳри солимгардонии фаъолият ҷалби сармоягузорӣ муяссар мегардад.

“Мо ба муфлис эълон шудани “Тоҷиксодиротбонк” ва “Амонатбонк” манфиатдор нестем, – гуфт зимни ншасти хабарии имрӯза дар Душанбе раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода. – Одамон бовар доранд ва мо ҳам умедворем, ки ба ин бонкҳо дарёфт ва ҷалби сармоягузорӣ муяссар хоҳад гашт”.

Бино ба гуфтаи Нурмаҳмадзода, раҳбарияти “Тоҷиксодиротбонк” дар Чин қарор дошта, дар бораи ҷалби сармоягузорӣ ду қарордоди пешакӣ ба имзо расонидааст.

Ӯ таъкид дошт, ки раҳбарияти “Агроинвестбонк” низ дар пайи ҷустучӯи сарчашмаҳои сармоягузорӣ аст.

Раиси БМТ илова намуд, ки ин бонкҳо айни замон мувофиқи имкон ба баргардонидани амонатҳои мизоҷон машғуланд.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 ин бонкҳо ба вазъи душвори молиявӣ дучор шуда, бо ин сабаб дигар мунтазам аз иҷрои уҳдадориҳояшон назди мизоҷони худ баромада наметавонистанд.

Аввали соли 2017 ҳукумат тасмим гирифт, ки бо пешниҳоди қарз бонкҳои нисбатан бузург – Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро дастгирӣ мекунад. Ин бонкҳо то охири соли 2021 бояд воситаҳои ҳукуматро баргардонанд, ки бояд ба сармоягузориҳои иловагӣ иваз шавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар мавриди масъалаи ҷалби сармоягузориҳо аз Чину Арабистон гуфтушунидҳои “Тоҷиксодиротбонк” ҷараён доранд.

Ғайр аз ин, доир ба гуфтушунидҳо  бо дигар сармоягузорони хориҷӣ – бонкҳои русиягии ВТБ ва Сбербанк, “Казкоммерсбонк”-и Қазоқистон, сохторҳои тиҷоратии Гонконг, Словакия ва Малайзия дар ин хусус низ маълумот дода шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...