Мухолифати сохторҳои қудратии Қирғизистон бо сокинони Оқ-Сой

Баҳманёр Нодиров

Вазъ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон амну босубот буда, лекин дар қаламрави ҳамсоя байни сохторҳои қудратӣ ва сокинони маҳаллӣ мухолифат ба вуҷуд омадааст.

Сокинони деҳаи қирғизии Оқ-Сой кӯшиш кардаанд, ки ба кушодани роҳи Исфара – Ворух монеъагузорӣ кунанд,, лекин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин корро ба онҳо манъ кардаанд. Дар ин бора ВАО-и Қирғизистон хабар медиҳанд.

Имрӯз дар ҷамоати Ворух вазъ тинҷиву оромӣ буда, лекин дар ҷамоати Чоркӯҳ қирғизҳо 10 сотих кишти гандуми сокини маҳаллиро оташ задаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз маъмурияти шаҳри Исфара.

“Ҳамчунин қирғизҳо якчанд автомашинаро дар роҳи Исфана – Ботканд ва Исфара – Ворух сангборон карда, ба ин васила дар дигар қитъаҳо ҳам ба сар задани муноқиша иғвоангезӣ мекунанд”, – гуфт манбаъ.

Дар мақомоти шаҳрдории Исфара мегӯянд, “касе ба эътидол омадани вазъ дар сарҳад ва воӯрии сарони кишварҳоро намехоҳад”.

Муовини сарвазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизи ӯ дар мавзеи Дачаи вилояти Ботканд ба гуфтушунидҳо идома дода истодаанд.

Вазъ дар Оқ-Сой ноором аст

Бино ба маълумоти ВАО-и Қирғизистон, имрӯз байни сохторҳои қудратии ин кишвар ва сокинони маҳаллӣ муноқишаи дохилӣ ба вуқӯъ пайваста, сокинон бастани роҳи Исфара – Ворухро мехостаанд, лекин кормандни милитсия ба ин монеъ шудаанд.

“Дар посух онҳо ба сангпартоӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оғоз намуда, кормандони сохторҳои қудратӣ аз воситаҳои махсус истифода кардаанд, ки якчанд нафар ҷароҳат бардоштаанд”, – хабар медиҳад 24.kg.

Гуфта мешавад, наздики 300 нафар кормандони милитсия ва ҳудуди 250 нафар сокинони маҳаллӣ дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, чандин шаҳрвандон боздошт шудаанд.

Дар Ворух тинҷиву оромист

Тавре ба “Азия-Плюс” сокинони Ворух хабар доданд, вазъ дар сарҳад нисбатан ором буда, лекин роҳи Исфара – Ворух баста боқӣ мемонад.

“Дирӯз танҳо ба гузаштани як автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ иҷоза доданд, ки корманди милитсияи захмишуда – Фаррух Тошхӯҷаевро ба беморхонаи шаҳр барои ҷарроҳӣ бурданд”, – иброз дошт сокини маҳаллӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, субҳ дар бораи кушодани роҳ овозаҳо ҷой дошт, лекин бар асари муноқиша дар дохили Оқ-Сой, роҳ ҳоло боз нашудааст.

“Гуфтанд, ки имрӯз роҳро мекушоянд, лекин сокинони Оқ-Сой муқобил баромаданд. Онҳо як мошини боркаш сангро ба роҳ рехта, ба сӯи сарҳадбонон ва кормандони милитсияи худ сангпартоӣ карданд. Аз ҷониби Ворух моро ба сарҳад наздик шудан намемонанд, лекин овози фарёду тирпарронӣ ба гӯш мерасад. Сарҳадбонони қирғиз низ аз ҷониби Оқ-Сой роҳро бо долони зинда баста, сокинони худро намегузоранд, ки ба сарҳад наздик шаванд”, – мегӯяд шоҳиди ҳодиса.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...