Сафи тоҷикони хоҳишманди адои маросими ҳаҷ кам мешавад: имсол квота пур нашуд

Баҳманёр Нодиров

Дар Тоҷикистон имсол квотаи ҷудошуда барои адои маросими ҳаҷ дар макони муқаддаси ислом пур нашуд. Квотаи ҷудошуда аз ҷониби Арабистони Саудӣ барои соли 2019 иҷро нашуд, хабар дод раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.

Арабистони Саудӣ имсол ба Тоҷикистон 5 ҳазор квота ҷудо намуда, лекин на ҳамааш истифода шуд, қайд кард Сулаймон Давлатзода. Шумори саҳеҳи зойирини имсола аз Тоҷикистон бо анҷоми маърака маълум мешавад.

Раиси Кумита камшавии таваҷҷуҳ ба адои маросими ҳаҷро ба вазъи номусоиди иқтисодии шаҳрвандон нисбат медиҳад.

“Баъзе хоҳишмандон худро номнавис мекунанд, вале аз иҷрои уҳдадории пардохти маблағ ё таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдор саривақт баромада наметавонанд. Ин асосан ба шароити иқтисодии шаҳрвандон вобаста аст. Пештар дар вилояти Суғд хоҳишмандони адои маросими ҳаҷ то соли 2025 навбат мегирифтанд. Тӯли солҳои охир дар ҳамон ҷо ҳам камшавии сафи онҳо ба назар мерасад”, – гуфт Сулаймон Давлатзода.

Соли равон арзиши ҳаҷ 35 ҳазору 138 сомонӣ ва соли гузашта 33,4 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Соли 2018 беш аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати Хонаи Худо дар Арабистони Саудӣ мушарраф шуданд.

Шояд тоҷикистониён корҳои хайру эҳсон ва ободкориро дар дохили кишвар аз ҳаҷ афзалтар шуморанд. Сохтмони пулу майдонҳои варзишӣ, иншооти муҳофизат аз селу обхезӣ, таъмиру роҳу қабристонҳо ба ивази адои маросими ҳаҷ аллакай чандин сол дар Тоҷикистон роиҷ аст. Сарвари давлат ҳам ба ин корҳо даъват мекунад. Сокинон бо харҷи маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъкардаашон иншооти зикршударо месозанд.

Зойиринро бо гулҳо пешвоз гирифтанд.

Гурӯҳи аввали зойирини тоҷик санаи 22 июл бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба Арабистони Саудӣ раҳсипор шуданд. Сухангӯи Кумитаи дин Афшин Муқим чанде аз аксҳои истиқболи зойирини тоҷикро дар Арабистони Саудӣ ба ихтиёрамон гузошт, ки дар зер манзуратон мегардонем.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...