Хуҷанд: корхонаҳои фаъолияташон қатъшуда корашонро барқарор карданд

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз 27 корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд, ки фаъолияташон қатъ шуда буд, 10-тоаш дубора фаъолияти худро барқарор намуданд, хабар дод ба журналистон раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода.

Айни замон ба сурати умум дар шаҳр 162 адад корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна фаъолият доранд.

Нимаи аввали сол корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи умумии 589 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,7 млн. сомонӣ ё худ ба андозаи 9,4% зиёдтар аст, қайд кард раиси шаҳр.

Аз ҷониби 11 корхонаи саноатии шаҳр ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 93,3 млн. сомонӣ маҳсулот содирот шудааст. Дар 13 корхонаи навтаъсисёфта 164 ҷойи корӣ ва нимаи аввали сол дар маҷмӯъ беш аз 900 ҷойҳои нави корӣ таъси дода шудааст.

“Мутаассифона, ҳарчанд шумори корхонаҳои аз фаъолият бозмонда то 17 адад кам шуда бошад ҳам, шумори онҳо то ҳол зиёд боқӣ мемонад, – таъкид дошт Маъруф Муҳаммадзода. – Ду корхонаи ба хориҷиён тааллуқдошта фаъолияти худро қатъ намуданд. Се корхона самти фаъолияти худро тағйир доданд. Дигар корхонаҳо ба рақобат тоб наоварда, маҷбур шуданд, ки корашонро қатъ кунанд”.

Ба қавли раиси шаҳри Хуҷанд, се адад аз ин корхонаҳо аз рӯйхати маълумоти оморӣ хориҷ шудаанд, зеро барқарор кардани фаъолияти онҳо ғайриимкон аст.

Қобили зикр аст, ки корхонаи нисбатан бузурги “Лаъл” низ дар шумори корхонаҳои аз фаъолият бозмонда қарор дошта, айни замон корашро дубора барқарор намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...