Иштироки дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии Загреб

Asia-Plus

Пагоҳ, 26 июл дар Ҷумҳурии Хорватия мусобиқаи байналмилалии дзюдо “Zagreb Grand Prix 2019” оғоз гардида, то 28 июл идома меёбад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, давоми се рӯз 558 варзишгар (332 мард, 226 зан) аз 87 давлати дунё барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ва беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии олимпӣ талош мекунанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6 варзишгар – Хайёмиддин Ҷабборов (66кг), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.

Рӯзи аввал қувваозмоиҳои вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон, -60кг, -66кг миёни мардон доир мегардад ва Хайёмиддин Ҷабборов дар даври аввал бо варзишгари Гвинея-Биссау Диого Кесар гуштин мегирад. 27 июл варзишгарони вазнашон -63кг, -70кг миёни бонувон, -73кг, -81кг миёни мардҳо рӯи татамӣ мебароянд.

Дар даври аввали вазни -73кг Сомон Маҳмадбеков бо варзишгари Ҷопон Арата Татсукава, Беҳрӯз Хоҷазода бошад, бо намояндаи Австрия Лукас Рейта ва дар вазни -81кг Акмал Муродов бо Алфонсо Солана аз Испания нерӯ месанҷанд.

Дар рӯзи сеюм беҳтаринҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон, -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо муайян мегарданд. Комроншоҳ Устопириён дар даври аввал озод аст, ҳарифаш дар даври дуюм ғолиби ҷуфти Санширо Мурао (Ҷопон)/Қуедҷай Нҳабалӣ (Украина) хоҳад буд. Темур Раҳимов низ рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад, ки ҳарифаш Ҷур Спийкас аз Нидерланд аст.

Ғолибони ҳамаи вазнҳо дар баробари медал соҳиби 3000 доллари ИМА ҷоизапулӣ мегарданд. Барандагони ҷои дуюм бо 2000 доллар ва ду ҷои сеюм бо 1000-долларӣ қадрдонӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...