Ғолибони марҳилаи дуюми иқдоми «Пардохти муваффақ»-и Tcell муайян шуданд!

Иттилоияи расмӣ

Дар дафтари марказии ширкати Tcell дар Душанбе, бо ҳузури аъзои комиссия ва кормандони ширкат, муштариёни Тсеll, инчунин хабарнигорон қуръакашии бурди ҷоизаҳои аксияи “Пардохти муваффақ”, тарҳи муштараки ширкат ва Hyunday баргузор гардида, ҷараёни он тавассути эфири мустақими радиои “Ватан” пахш шуд!

Дар ин марҳила 10 барандаи тӯҳфаҳо муайян шуданд, ки “пардохти муваффақ” –ро анҷом додаанд. Онҳо 5 телефони ҳушманди Samsung A30, 3 Smart TV Samsung, MacBook ва сабукрави тамғаи Hyundai Accent-ро бурд карданд!

10 ғолиби даври аввали иқдом тариқи қуръакашӣ дар таҷҳизоти автоматӣ, ки бо системаи омехта, тубчаи рақамгузоштаро (ва он дар маҷмӯъ ID-рақами муштариро ташкил дод) пешниҳод мекунад, муайян карда шуд. Ғолибони ин иқдоми Tcell муштариён аз Исфара, Истаравшан, Спитамен, Ҷ. Расулов, Ашт, Б. Ғафуров ва Бохтар гардиданд!

Рӯйхати комил (пурра)-и ID-рақамҳое, ки ҷоиза бурд кардаанд, дар сомонаи ширкат бо нишонии зер маҳфуз аст: https://www.tcell.tj/content/news/successful-payment-second/

Дар зудтарин фурсат намояндагони Tcell ба ғолибон тамос гирифта, онҳоро ба маросими эҳдои тӯҳфаҳои иқдоми “Пардохти муваффақ” даъват менамоянд ва мо дар бораи онҳо ба дигарон нақл хоҳем кард!

Марҳилаи дуюми аксия аз 15 июн то 29-уми июл идома ёфт. Ҳамаи муштариёни ширкати Tcell аз саросари Тоҷикистон, ки ба тавозуни телефони мобилиашон аз 10 сомонӣ бештар маблағ гузарониданд, ба таври худкор (автоматӣ) иштирокчии иқдом гардиданд.    

Пас аз ба анҷом расидани марҳилаи дуюми иқдоми “Пардохти муваффақ” даври сеюм ва ниҳоии аксия оғоз гардида, он то 10сентябр идома меёбад. Дар марҳилаи ниҳоӣ бошад, теъдоди ҷоизаҳо афзоиш меёбад. Ба ғолибон дар ин давр 10 телефони ҳушманди Samsung A30, 4 Smart TV Samsung, 3 MacBook ва автомобили Hyundai Accent тақдим мегардад.

Барои иштирокчии аксия шудан зарур аст, ки ба тавозуни телефонатон 10 сомонӣ ва ё бештар аз он маблағ гузаронед. Барои ҳар як 10 сомонӣ ба муштарӣ SMS-паёмак бо ID-рақами инфиродӣ ирсол мегардад ва баъдан ин рақамҳо дар бурди ҷоизаҳо иштирок менамоянд. Таври мисол, агар Шумо ба тавозунатон 50 сомонӣ гузаронед, соҳиби 5 ID-рақам хоҳед шуд.

Иқдоми «Пардохти муваффақ» – бебохт аст, зеро муштарие, ки дар он иштирок мекунад, ҳеч гуна маблағи иловагӣ сарф наменамояд. Маблағи муштарӣ дар тавозуни ӯ боқӣ мемонад, аз он комиссия ҳисобида намешавад ва муштарӣ онро барои интернет ва ё пайвастшавӣ ба дигар хизматрасониҳо сарф карда метавонад.

Тавозуни худро ба 10 сомонӣ пурра карда, соҳиби ID-рақами инфиродӣ ва иштирокчии аксия шавед! Шояд ҳамин пардохти Шумо муваффақ мешавад!

Муфассал дар бораи иқдоми “Пардохти муваффақ” ва шартҳои он аз ин суроға маълумот гирифта метавонед:

  https://www.tcell.tj/content/news/conditions-of-the-promotion-successful-payment/

____________

Tcell  – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.