Охун ва Аврора ном гузоштани тифлон манъ аст. Ба волидон номгузориро хотиррасон намуданд

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон аз риоя нашудани меъёрҳои қонун зимни ном гузоштан ба тифлони навзод нигаронӣ изҳор мекунад. Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки аз 430 муроҷиат дар ин маврид, ки номҳое чун Охун, Мурсал, Ёсин, Аврора, Шабоҳанг, Бибиҳамрохон, Амор, Эсмира, Амелия ва ғайра […]

Asia-Plus

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон аз риоя нашудани меъёрҳои қонун зимни ном гузоштан ба тифлони навзод нигаронӣ изҳор мекунад.

Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки аз 430 муроҷиат дар ин маврид, ки номҳое чун Охун, Мурсал, Ёсин, Аврора, Шабоҳанг, Бибиҳамрохон, Амор, Эсмира, Амелия ва ғайра пешниҳод гардиданд, Кумита беш аз нисфашро баргардонидааст.

Ӯ хотиррасон намуд, ки ҳанӯз соли 2017 ба қонун “Дар бораи бақайдгирии ҳолати шаҳрвандӣ” тағйирот ворид гардида, дар интихоби ном ба тифлон дар оилаҳои тоҷик маҳдудиятҳо ҷорӣ гардиданд.

Китобе чоп шуда буд, ки беш аз 4 ҳазор номро дар бар гирифта, боқимонда, ба ақидаи мутахассисони кумитаи забон, бо сабаби мутобиқат надоштан ба анъана ва забон хориҷ шуда буданд.

То нимаи солҳои 90-ум номҳо аз китоби “Шоҳнома” дар Тоҷикистон ба мӯд даромада буданд, акнун – аз китоби Қуръон.

Тибқи маълумоти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС), соли 2018 дар Тоҷикистон номҳои писандидатарин барои тифлони навзод номҳои арабӣ буданд, ки то ба даст овардани истиқлолияти кишвар, хеле кам ба мушоҳида мерасиданд.

Ҳамин тариқ, соли гузашта номҳои писандидатарин барои писарон Идрис, Имрон, Муҳаммад, Абӯбакр, Абдулло, Умар ва Юсуф дониста шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.