Кумитаи забон: “Русия”, “Москав”, “Узбакистон” – номҳои ҷуғрофии хориҷиро таҳриф накунед!

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон феҳристи номҳои ҷуғрофӣ (топонимҳо)-и ҷумҳуриро ба нашр омода мекунад. Баъди нашри он ва тасдиқи қарори дахлдор ҳамаи номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳои забони муосири тоҷикӣ корбаст мешаванд. Раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки худи мардум талаб мекунанд, ки номҳои маҳаллаҳои аҳолинишин, ки […]

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон феҳристи номҳои ҷуғрофӣ (топонимҳо)-и ҷумҳуриро ба нашр омода мекунад. Баъди нашри он ва тасдиқи қарори дахлдор ҳамаи номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳои забони муосири тоҷикӣ корбаст мешаванд.

Раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки худи мардум талаб мекунанд, ки номҳои маҳаллаҳои аҳолинишин, ки ба анъанаҳои миллати тоҷик мутобиқ нестанд ё дар шакли таҳрифшуда талаффуз мешаванд, иваз карда шаванд.

“Комиссияҳои мо ба деҳаву ҷамоатҳо рафта, бо аҳолӣ вохӯриҳо мегузаронанд, онҳо моро самимона пешвоз мегиранд”, – иброз дошт Шарофзода.

Ба гунаи мисол ӯ аз деҳаи Пору ном гирифт: “Бо такя ба сарчашмаҳо ва маводи бойгонӣ, мо муайян кардем, ки номи деҳаи Пору аз калимаи Пойрӯд (варианти дигар – Порӯд) бармеояд, яъне “рӯде, ки дар поин, назди пойҳо қарор дорад”.

Шарофзода далели дар Тоҷикистон хеле зиёд такрор шудани номи “Истиқлол” ва “Ваҳдат” дар маҳаллаҳои аҳолинишин ва мавҷуд будани тарзҳои гуногуни номи шахсони бузургро эътироф намуд: ҷойе номи Сино, дар дигаре – А.Сино ва дар макони сеюм – Абӯ Алӣ ибни Сино.

Раиси Кумита иттилоъ дод, ки ба наздикӣ феҳристи номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон нашр шуда, дар он ҳамаи номҳои ҷуғрофӣ мувофиқи меъёрҳои забони муосири тоҷикӣ корбаст мешаванд.

Пас аз ин номи маҳаллаҳои аҳолинишин ва дигар иншооти ҷуғрофиии кишвар набояд ба дигар забон, аз ҷумла русӣ тарҷума шаванд.

Тавре маълум аст, номҳои ҷуғрофии тоҷикии “Кӯлоб”, “Ҳисор”, “Панҷакент”, “Мастчоҳ” ва ғайра маъмулан дар забони русӣ “Куляб”, “Гиссар”, “Пенджикент”, “Матча” навишта мешаванд.

Дар баробари ин ӯ қайд кард, ки баъзе номҳо бо забони русӣ мувофиқи меъёрҳои ин забон номҳои маъмулии худро нигоҳ медоранд.

Масалан, номҳои “Куляб” ва “Гиссар” ҳанӯз то барқарор шудани сохти шӯравӣ қабул шуда буданд. Аз ин рӯ, анъанаи таърихӣ боқӣ мемонад, лекин чунин номҳо каманд. Номҳои нави ҷуғрофиро бошад, уҳдадор мешаванд, ки ба монанди навишти забони тоҷикӣ нависанд.

Шарофзода ҳамчунин ба журналистон тавсия дод, ки номҳои ҷуғрофии хориҷиро зимни навиштан ба тоҷикӣ таҳриф накунанд.

“Ба ҷойи “Русия” номи дурусти ин давлат – “Россия”, ба ҷойи “Маскав” – “Москва” ва ба ҷойи “Узбакистон” – “Ӯзбекистон”навиштан лозим аст”, – илова намуд ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.