Президент аз 10 сафири навтаъин эътимоднома қабул кард

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини як қатор давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба Президенти Тоҷикистон дар ин рӯз сафирони навтаъиниҚазоқистон Аскар Таджибаев, Ҳиндустон Вираҷ Сингх, Покистон Имран Ҳайдар, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Меттию Лоусон, Гурҷистон Зураб Абдушелишвили, Ҷумҳурии […]

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини як қатор давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба Президенти Тоҷикистон дар ин рӯз сафирони навтаъиниҚазоқистон Аскар Таджибаев, Ҳиндустон Вираҷ Сингх, Покистон Имран Ҳайдар, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Меттию Лоусон, Гурҷистон Зураб Абдушелишвили, Ҷумҳурии Корея Кан Джэ-квон, Босния ва Гертсеговина Самир Веладзик, Колумбия Алфонсо Лопес Кабалеро, Австралия Грейм Михан ва Ҷумҳурии Федералии Демократии Эфиопия Гирма Тамесген Баркесса ба таманиёти неку шодбошии роҳбарони давлатҳояшон эътимоднома супориданд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро барои оғози иҷрои вазифаи сафири давлатҳои худ дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори умеду боварӣ намуд, ки сафирони навтаъин дар фаъолияти самараноки дипломатиатии худ ба рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои воқеан дӯстона ва ҳамкориҳои судманду гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва кишварҳояшон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Таъкид гардид, дар Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистоқлолӣ сиёсати фаъоли хориҷии дарҳои боз пеш гирифта шуда, барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо доираи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшишҳои пайваста ба харҷ дода мешавад.

Изҳори итминон карда шуд, ки сафирони навтаъин дар рафти иҷрои вазифаи сермасъулияти сафирӣ бо Тоҷикистон шиносоии бештару наздик пайдо карда, саҳми арзандаашонро дар таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ мегузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.