Таъсиси ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистону Тоҷикистон” дар Тошканд

Дар шаҳри Тошканд маҷлиси таъсисотии ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистону Тоҷикистон” доир гардид, ки дар он намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон дар кишвари ҳамсоя ширкат варзиданд. Вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев якдилона раиси ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистону Тоҷикистон” интихоб шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Дар маҷлис зарурати таҳкими […]

Дар шаҳри Тошканд маҷлиси таъсисотии ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистону Тоҷикистон” доир гардид, ки дар он намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон дар кишвари ҳамсоя ширкат варзиданд.

Вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев якдилона раиси ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистону Тоҷикистон” интихоб шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар маҷлис зарурати таҳкими муносибатҳои ду кишвар тавассути дипломатияи мардумӣ – роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои фарҳангу ҳунар ва илму маориф таъкид шуд.

Ёдрас мекунем, ки бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли гузашта Шавкат Ҳамроев барои саҳми босазо дар таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, робитаҳои фарҳангию башардӯстона, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи самарабахши байни ду кишвар ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек бо ордени “Шараф” дараҷаи I қадршиносӣ гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.